Ҷавонон бар муқобили наҳзатиён

 А.Раҷабов, раиси Шӯрои
ҷавонони ДКМТ

Чанд рӯзи охир ҳодисаи нангини  ТЭТ ҲНИ дар Данғара тамоми афроди сайёраро нигарон кардааст. Имрӯзҳо атрофии ин мавзӯъ ҳамагон меандешанд, ки чӣ тавр ҷавононро ин ташкилот ва роҳбарони манфураш ҷалб намудаанд.  Охир ин хиёнати бузург аст, махсусан  ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ ба хотири латмадор сохтани мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Вале ТЭТ ҲНИ ба мақсади худ нарасид, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмид, ки ин кори дасти афроди нохалаф аст ва ҳукумат ба он ҳеҷ иртиботе надорад. Ин бор ҳам об ба ҳалқи Кабирӣ нарасид. Боз ӯ шарманда шуд. Боз ҳам зоғи сиёҳ ба хонааш лона монд ва санги сиёҳ бар остонаш партофт. Ин бор ҳам фиребдиҳандаи ҳазорҳо мардум фиреб хӯрд.  Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, мегӯянд, ки билохира ин теория исбот шуд ва ТЭТ ҲНИ ба мақсад нарасид.  Зеро аҳли сайёра фаҳмид, ки ин кори дасти малъунон аст.

 Аммо суоле, ки моро нигарон мекунад ин аст, ки чаро ҷавонон ба ин афрод бовар карданд? Охир ин ташкилоти терористӣ мебошад. Маълум мешавад, ки фаҳми сиёсии ҷавонон он қадар баланд нест ва бинобар паст будани донишҳои сиёсиашон ҷавонон ба инҳо бовар кардаанду  оқибат ба доми фиреб афтоданд. Афроди малъун ва хоинони миллати - ТЭТ ҲНИ ин ҷавононро гумроҳ сохта, ба манфиати худ истифода намудаанд, ки оқибат боиси бадбахтӣ гардид.

Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст , ки  ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун  бовар кардани ҷавонон аз тариқи шабакаҳои махсус ва даст задани онҳо ба амалҳои зишт танҳо аз бесаводӣ ва  маърифати пасти  онҳо шаҳодат медиҳад.  Надоштани донишҳои хуби сиёсӣ ҷавонони камогоҳро ба чунин табақаҳо ҳамроҳ мекунад.  Ба ҳамин хотир бояд маърифати сиёсии ҷавононро баланд намоем ва онҳоро  ба зудӣ огоҳ намоем, ки ТЭТ ҲНИ душмани ҷомеъа ва ҷаҳон аст.

 

Add comment


Security code
Refresh