Маориф - рукни муҳими ҷомеа
- Details
- Published on Thursday, 30 August 2018 08:08
Дар толори Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор доир гардид. Машваратро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш кулли устодон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи Дониш муборакбод намуда, аз дастоварду муваффақиятҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тараққиёти соҳаи мазкур андеша ронд. Қайд гардид, ки бо иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҷашни бузург – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дида истодаанд.
Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуктаро таъкид ва баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тарбия пайваста ғамхорӣ менамоянд. Дар миқёси вилоят ҳафт муассисаи таҳсилоти олӣ ва даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амал мекунад ва дар онҳо беш аз 3500 нафар устодон фаъолият мебаранд, ки байни эшон 78 нафар профессор, докторони илм ва 697 нафар номзадҳои илм мебошанд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи 119 ихтисос мутахассис омода месозанд. 60640 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 38937 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 21546 нафар дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, 1204 нафар магистрант ва 145 нафар аспирант дар боргоҳҳои илмӣ корҳои илмӣ ва тадқикотӣ бурда истодаанд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар риштаҳои илм, дониш ва варзиш ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 60 конфронси байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ гузаронида шуд. Дар ин давр аз ҷониби олимони вилоят ду рисолаи докторӣ ва даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ба дифоъ расиданд.
Раиси вилоят инчунин, дар бораи рушди соҳаи маориф дар вилоят, муҳайё сохтани шароит дар муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо лавозимоти муосири таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон ва дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи маориф андешаронӣ кард.
Маблағгузории соҳаи маориф ҳамасола инкишоф ёфта, соли равон ба беш аз 3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 282 миллион сомонӣ зиёд буда, 18 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро фаро мегирад. Агар соли 1993 музди маоши ҷомеаи меҳнатии кормандони соҳаи маориф ҳамагӣ панҷ сомониро ташкил дода бошад, соли дуҳазорум ба 10,4 сомонӣ ва имрӯз то ба 850 сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли дуҳазорум наздик 80 маротиба зиёд гардидааст.
Сипас, Раиси вилоят дар бобати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, бунёди мактаб ва мактаб-интернат, кӯдакистонҳои хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳо маълумот дод.
- Дар ҳудуди вилоят, - қайд кард ӯ, - бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 45 иншооти соҳаи маориф бо фарогирии беш аз 6663 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар вилоят 46 бинои таълимии дар ҳолати садамавӣ ва 228 бинои таъмирталаб ба қайд гирифта шуда, соҳаи маориф ба 406 синфхонаи иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Инчунин, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ филиали чор муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин бора раисони шаҳру ноҳияҳо ва мутасаддиён бо мақсади бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда то ҷашни бузурги таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардиданд. Раиси вилоят омӯзгорро симои асосии муассисаи таълимӣ дониста, дастоварду комёбиҳои соҳаро аз фаъолияти хуби онҳо донист.
Ҳамасола барои дарёфти мураббиёни пешқадам ва фаъол озмунҳои касбӣ баргузор мегардад. Дар назди Донишакадаи такмили ихтисоси омӯзгорон 288 курсҳои такмили ихтисос бо фарогирии 7333 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони соҳа баргузор гардид, ки ин баробари 105,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамагӣ 37192 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд, ки 78 фоизи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Имсол гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳҳои олиро 1322 нафар мутахассисони ҷавон хатм карда, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ равона гардида, бо имтиёзҳо фаро гирифта шуданд. Бо вуҷуди чунин ғамхориҳо, мутаассифона, то ҳол дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 726 нафар омӯзгор намерасад.
Раиси вилоят инчунин, дар бораи дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва тариқи санҷиши тестӣ ба унвони донишҷӯ соҳиб гардидани толибилмон сухан ронд. Зикр шуд, ки соли хониши баитмомрасида аз 41753 нафар хатмкунандаи синфи 9-ум 36279 нафар ба синфи даҳум таҳсилоти хешро идома дода истодаанд, ки ин 86,9 фоизро дар бар мегирад ва нисбат ба соли пешин зиёд мебошад. Соли хониши 2016-2017-ум муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро 34935 нафар хонанда хатм карда, аз онҳо зиёда аз 19 ҳазор нафар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳо ҳуҷҷатҳои хешро супориданд.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар бораи таҳсили хатмкунандагон дар макотиби олии давлатҳои хориҷ, иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва саҳми устодону омӯзгорон дар ин самт, фаъолияти босамари муассисаҳои томактабӣ, ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимон ва маъюбон дар мактаб-интернатҳо, саҳми соҳибкорони ватанӣ дар омода сохтани либоси ягонаи мактабӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимӣ, минбаъд афзун гардонидани кабинетҳои фаннӣ, беҳтар кардани ҳолати лагерҳои истироҳатӣ, дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ташкил кардани истироҳатгоҳҳои намунавӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба соҳа андешаронӣ кард.
Дар бораи ҳаракатҳои экстремистӣ, баргардондани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои олии давлатҳои дигар таҳсил доранд, зиёд гардидани ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва афзудани вайроншавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ кард.
Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Назирӣ Латофат Қаҳҳор зимни суханронии хеш доир ба саҳми соҳибкорони вилоят дар омода сохтани либоси ягонаи мактабӣ барои толибилмони мактабҳои шаҳри Душанбе ва дастовардҳои соҳаи маориф дар вилоят андеша ронда, оид ба бартараф сохтани камбудиҳо дастур дод.
Сипас, барои таълиму тарбияи арзанда, иштирок дар озмунҳои фаннӣ, тариқи ҳашар бунёд намудани синфхонаҳои иловагӣ омӯзгорони фаъол ва сарварони муассисаҳои таълимӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфа, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулии яквақта қадрдонӣ карда шуданд.
Суруду таронаҳо дар иҷрои толибилмон ва санъаткорони номӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Тавҳида Ҷӯраева,
«Ҳақиқати Суғд»