Фаъолияти пурсамари донишкада

- Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аз рӯи 17 ихтисос мутахассисонро тайёр мекунад. Тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли таҳсили 2018-2019 аз рӯи се ихтисоси дигар довталабонро қабул менамояд, - қайд намуд дар нишасти матбуотӣ Мухтор Фозилзода - ректори донишкада.

Теъдоди умумии донишҷӯён 1085 нафар ва нақшаи қабули довталабон аз рӯи ихтисосҳо 866 нафар мебошад. Ҳамчунин, 95 довталаб ба гурӯҳи буҷетӣ қабул карда мешавад.

Натиҷаи қабул барои даври асосӣ нишон дод, ки 693 довталаб ба донишкада дохил гардидааст, ки 80 фоизро ташкил медиҳад. Ин шумора аз соли пешин 14 нафар зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки 24-уми августи соли 2018 даври қабули такрории довталабон доир мегардад.

Имсол донишкадаро 659 нафар хатм карданд. Аз ҷумла 483 нафар шуъбаи рӯзона, 165 нафар шуъбаи ғоибона ва 11 нафар магистратураро ба итмом расониданд.

Зимни нишаст қайд гардид, ки 6 нафар донишҷӯ донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд. Ҳамчунин, барои бо кор таъмин намудани 13 нафар мутахассиси тариқи буҷетӣ таҳсилдошта тақсимот бо ҷои кор давом дорад.

Ҷомеаи донишкада дар рушду инкишофи таълим, нашри мақолаҳои илмӣ, монография ва китоби дарсӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, иштирок дар олимпиадаи донишҷӯён, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, кор бо лоиҳаҳои грантӣ, шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ва сафарбар шудани донишҷӯён барои таҳсил дар хориҷа корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.

Нишасти матбуотӣ бо суолу ҷавоби рӯзноманигорон анҷом пазируфт.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh