Мактабҳои садамавӣ – сарсонии хонандагон

Мактабам, нури дидагонам ту. Чун муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-юми шаҳри Исфараро аз назар гузаронидам, ҳамин сатри шеърӣ ба хотир омад. Муассисаи таълимӣ аз чор бино иборат буда, 532 нафар толибилм дар бинои якуми он дар ду баст таҳсил доштанд. Вақте аз вазъи таълим ва шароити он пурсон шудам, маълумам гашт, ки то ҳол муҳассилин парешонанду таълимот дар мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла дар кӯдакистонҳо сурат мегирифтааст. Чунин посух водорам сохт, ки муассисаи таълимиро аз назар гузаронам. Ба қавле, ҳолати он мақоли «ранг бину ҳол пурс»-ро ба хотир овард.

Аз даричаи таърих

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-юми шаҳри Исфара ҳанӯз соли 1978 бо 1198 ҷойи нишаст бунёд гардида, дар он замон дар сатҳи ҷумҳурӣ замонавӣ ба шумор рафта, таҳсилоташ ба забони русӣ сурат мегирифт. Пас аз чанд муддат сатҳи оби зеризаминӣ дар дабистон баланд гардида, гузаргоҳи бинои асосиро пурра вайрон ва биноҳои дигарро ба ҳолати садамавӣ оварда расонидааст.

Соли 1998 таълимгоҳ пурра аз фаъолият боздошта шуда, толибилмон ба кӯдакистонҳои рақамҳои 20 ва 24 кӯчонида шуданд. Аз ҳисоби хонандагони муассиса дар пояи кӯдакистони рақами 24, ки дар тобеияти ҶСШК «Заводи кимиё» қарор дорад, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 таъсис дода шуд, ки алҳол дар 33 синфхона 767 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Гурӯҳи дигар ба кӯдакистони рақами 20 гузаронида шуданд. Гарчанд чунин тарзи корбарӣ - ҳам таҳсили хонандагон ва ҳам мавҷудияти кӯдакистон ба ҳамдигар халал эҷод кунанд ҳам, аммо устодон чора надоштанд.

Ангушт ба дар мезананд, аммо…

Мутаассифона, тавре сарвари МТМУ рақами 52 Гавҳар Ҳамроева изҳор дошт, баҳри таъмиру тармими биноҳои садамавӣ солҳост, ки бо воситаи мактуб ангушт ба дари масъулин мезананд, аммо ку гӯши суханшунав? Масалан, ҳанӯз соли 2014 мақомоти маҳаллӣ ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ таъмири асосии МТМУ рақами 52 - ро пешбинӣ карда буд. Агар бинои якум бо дастгирии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо кӯмаки фонди католикӣ соли 2007-ум аз таъмири куллӣ бароварда, синфхонаҳои он бо мизу курсиҳои талабагӣ пурра таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бошад, биноҳои В, Г, Д пурра шиферпӯш ва қисман андова шудааст. Афсӯс, таъмирро аз боми биноҳо оғоз намуданду бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона ҳоло ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

На синфхона, балки анкабутхона

Тавре қайд кардем, муассисаи таълимӣ аз чор бино иборат буда, се бинои боқимонда гӯё давраи ҷангро аз сар гузаронида бошанд, иншоот хеле фарсудаву дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Он солҳои сол аз хотирҳо фаромӯш гаштааст, зеро на дару тиреза дошту на сақфу на фарш. Дар рӯи замин ба ҷои фарши тахтагин ҳар куҷо тӯдаи хоку рег истодааст, гӯиё макони хокпарто бошад ва сақфаш ба хонаи анкабут табдил ёфта буд.

Ҳангоми азназаргузаронии биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, саволе ба миён омад, вақте чунин ҳолат рух додааст, пас барои чӣ таъмиру тармим на аз таҳкурсӣ, балки аз болопӯши он оғоз шудааст? Чун ба бинои дигари садамавӣ наздик шудем, се - чор нафар хонанда дар ҳамон ба ном «майдончаи варзишӣ» ба бозии волейбол машғул буданд ва сарвари мактаб фавран онҳоро аз он макон дур кард.

Агар ба нақша гиранд…

Аз нақли сарвари дабистон, муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳакима Атахонова ва намояндаи соҳаи маориф Орифҷон Аҳмадҷонов бармеояд, ки масъулин ва мутасаддиёни муассисаи таълимӣ баҳри таъмиру тармими биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Чанде пеш боз номае ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода сохта, ба нақшаи корҳои таъмиру сохтмонии вилояти Суғд барои соли 2018 дохил кардан пешниҳод намудаанд.

Таъмири биноҳои В, Г, Д ва дигар иншооти ёрирасони мактаби мазкур имкон медиҳад, ки шароити таълиму тарбияи 1500 нафар хонандаи маҳаллаҳои 8,9,10 ва Навободи шаҳр куллан беҳтар гардад.

Се мактаби садамавӣ

Вақте бо Ҳакима Атахонова ҳамсуҳбат гардидам, мавсуф арз дошт, ки дар ҳудуди шаҳр се мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Аз ҷумла, МТМУ № 9, ки соли 1972 дар Ҷамоати шаҳраки Нурафшон бо 420 ҷойи нишаст сохта шудааст. Ҳоло дар 11 синфхона 192 нафар талаба дар як баст бо таҳсил фарогиранд. Бинои якуми муассиса бинобар баландшавии оби зеризаминӣ, зиёд будани шӯрии хок ва ба категорияи якуми хавфнокӣ дохил шудан хоки замин паст фаромада, дар таҳкурсии бино тарқишҳои равоқӣ пайдо шуда, ҳатто деворҳои ошёнаҳои якум ва дуюм то 10 сантиметр тарқиш доранд. Иморати муассиса дар ҳолати хавфнок қарор дошта, агар барои таъмиру барқарорсозии он сари вақт чораҷӯӣ карда нашавад, сар задани ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. Қисми садамавӣ консерватсия карда шудааст. Санади ҳолати техникии бино аз тарафи ҶДММ «Суғдлоиҳакаш» омода шуда, корҳои мустаҳкамкунию азнавбарқарорсозиро тақозо дорад. Таъмири куллии бинои таълимӣ ва толори варзишӣ имкон медиҳад, ки шароити китобхона, утоқҳои фаннию корӣ ва гузарондани машғулиятҳо дар соати тарбияи ҷисмонӣ беҳтар гардад.

Айни замон истифодаи бинои мазкур ва толори варзишӣ манъ карда шудааст. Ҳангоми боришот аз боми як қисми бинои таълимӣ борон мечакад. Дар маҷмӯъ бинои муассиса ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ниёз дорад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва таъмир 288 ҳазор сомонӣ масраф гардида, дар ин бобат ҳуҷҷат ба Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол гардидааст.

Мутаассифона, ҳолати МТМУ № 23-и Ҷамоати деҳоти Ворух, ки аз 28 синфхона барои 640 нафар хонанда иборат асту соли 1974 бунёд гардидааст, низ чунин вазъи нохуш дорад. Соли хониши гузашта дар 28 синфхона 732 нафар хонанда дар ду баст таҳсил доштанд. Як бинои таълимӣ иборат аз шаш синфхона дар натиҷаи заминларза дар ҳолати қисман садамавӣ қарор дошта, ба гузаронидани корҳои барқарорсозию таъмири куллӣ эҳтиёҷ дорад. Конструксияҳои оҳану бетонӣ зарар дида, дар деворҳои асосӣ ва сақфи он тарқишҳои калон ба вуҷуд омадаанд. Аз тарафи ҶДММ «Суғд-лоиҳакаш» ҳуҷҷатҳои корҳои барқарорсозию мустаҳкамкунии бино ба маблағи 391,9 ҳазор сомонӣ тайёр карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотии таъмири асосӣ ва баркарорсозии муассиса ба маблағи 233 ҳазор сомонӣ таҳия карда, ба Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод карда шудааст.

Ду хушхабар

Вақте маводро омода месохтем, ба мо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара занг заданд ва хушхабар расониданд, яъне бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назди МТМУ рақами 23-и Ҷамоати деҳоти Ворух бинои иловагӣ барои зиёда аз 200 нафар хонанда бунёд хоҳад шуд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди он санги асос гузошт. Инчунин, дар рӯзи қабули шаҳрвандон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара пешниҳоди сарвари МТМУ № 52 Гавҳар Ҳамроева оид ба таъмиру азнавсозӣ, яъне ҳолати воқеии дабистони мазкур аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода шунида шуд ва мутасаддиёни соҳаи маориф дар ин бобат дастуру супориш гирифтанд.

 Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh