Муқовимати якҷоя – кафолати оромии ҷаҳон

Имрӯз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари ободу пешрафта, макони сулҳу субот шинохта ва эътироф намудаанд.

Ин ҳол душманони Ватану миллатро, ки ин ҳама пешравӣ, ободкориву созандагиро нодида мегиранд, ба хашму ғазаб овардааст. Онҳо дар атрофи худ чандин зархаридон, хоинони миллатро гирд оварда, дар ҳаққи мардуми бадгӯиҳо карда истодаанд. Ин гурӯҳ чанд нафар ҷавонони бефарҳанги дар ғафлат мондаро ба доми худ кашида, гумроҳ сохта, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода бурдан мехоҳанд. Вале бехабар аз онанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба дасисаҳои душманони миллат бовар надоранд, ба гуфтаҳои дурӯғонаи онҳо фирифта намешаванд.

Саркардагони гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ беватананд, миллат, падару модар надоранд. Онҳо ободкор нестанд, вайронкоранд, мақсаду маслак надоранд. Барои онҳо Ватан, модар, миллат бегона аст. Онҳо танҳо  манфиати гурӯҳҳо душманони миллатро ҳимоя намуда, манфиат дидан мехоҳанд. Гурӯҳҳои экстремистӣ чун ДИИШ, ҲНИ ва гурӯҳи 24 амсоли онҳо мақсаду мароми нопок доранд. Оё касе аз ҳамватанон медонад, ки аъзои ин гурӯҳҳо мавзееро обод, бекасеро сарпарастӣ,  бенавоеро дастгирӣ, бесаробонеро пуштибонӣ намудаю ёрӣ расонида бошанд?!

Мо - мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол амалиёти ноҷавонмардона, вайронкоронаи гурӯҳҳои ифротию экстремистиро маҳкум менамоем, ба гуфтаҳои инсонфиребонаи онон дода намешавем. Ватанамонро бо меҳнати бунёдкоронаву созанда боз ҳом обод, зебо мегардонем. Бигзор Парчами сулҳу субот дар фазои Тоҷикистони обод доимо парафшон бошад.

Ҷовид ХОЛОВ,
 директори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh