Кӯдакони хушбахти замон

Дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани кӯдакистон барои 240 нафар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Муртазо Алиев ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иморатсоз» туҳфаи хубе буд барои кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Бинои кӯдакистон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъсиси 8 гурӯҳи тарбиявӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм шароит муҳайё карда шудааст. Толори сеюм бо тамоми таҷҳизоту ороишот барои баргузории маҳфилу машғулиятҳо мутобиқ аст. Тибқи барномаи омодашудаи кӯдакистон барои инкишоф ва таълиму тарбияи кӯдак дарсҳои омӯзишӣ, бозиҳои шавқовар ва ғайра гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки муассиси он соҳибкор Муҳтарамхон Ҳамроева буда, кӯдакистонро бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз намудааст. Он дорои утоқҳои омӯзиши компютерӣ, таълимӣ, хоб, хонаҳои қабули кӯдакон, толорҳои мусиқӣ, нуқтаи тиббӣ ва ошхона, майдончаҳои варзишии тобистона, айвончаҳои бозӣ буда, бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Таҳмина Фозилова, мудири кӯдакистон:

– Бо ташаббуси Сарвари мамлакат имрӯз мо соҳиби боғчаи муҷаҳҳаз ва зебо гардидем, ки аз ин дастгирӣ сипосгузорем. Зеро имрӯз таваҷҷуҳи хоса додан ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд, ғамхорӣ ва парастории кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар мебошад. Аллакай 240 нафар кӯдаки аз 1,5 то 6-сола номнавис гардида, 7-нафар мураббия бо ёрирасонашон, омӯзгорони компютер, забонҳои русиву англисӣ, ҳамшираи тиб, мудири хоҷагӣ, посбон омодаи хизматанд. Маоши кормандон аз 400 то 1000 сомонӣ мебошад. Алҳол ҳаққи ҳисоби моҳонаи кӯдакистон барои бачагон муайян карда мешавад.

Гулнорахон, мураббия:

– Чанд сол инҷониб ба таълиму тарбияи кӯдакон машғулам. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳар яки онҳоро дар алоҳидагӣ омӯзонам, тарбия намоям, меҳрамро дар дили онҳо ҷойгир созам. Имрӯз бо ташаббус ва ғамхориҳои Пешвои миллат мо соҳиби боз як кӯдакистони замонавии дорои шароити олӣ гардидем. Кӯдакон се маҳал бо хӯроки гарм таъмин гардида, омӯзиш асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо як гурӯҳи хурди кӯдакони 1,5-сола дорем, ки ба онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанем.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh