Монеа ба сифати таҳсил

Гузориш аз ҳолати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Дар иди кӯдакон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади хеш иброз дошт, ки ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба бояд дошта бошем. ҳудуди вилоят 46 мактаби садамавӣ вуҷуд дорад. Супориш дода шуд, ки дар муддати се сол ба ҷои мактабҳои садамавӣ барои насли наврас бунёд карда шавад.

Чунин таваҷҷуҳи Раиси вилоят бесабаб набуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи мактабу маориф ғамхории зиёд зоҳир менамояд ва ин соҳаро ҳаётан муҳим меҳисобад.

Мактаби миёнаи №18 ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳудуди маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мирзо Бақоев, 17 ҷойгир аст. Бо сабаби он, ки теъдоди зиёди волидон хоҳиши ба ин мактаб додани фарзандонашон ҳастанд, сол то сол сафи хонандагон зиёд мешавад. Зеро бо назардошти талаботи замон ва хоҳиши худи волидон тӯли се сол аст, ки тадрис бо забони русӣ нисбат ба забони тоҷикӣ зиёдтар ба роҳ монда шудааст. Зоҳиран ба назар мерасад, ки талаботи аҳолӣ низ ба фанни забони русӣ аз пештар дида бештар аст. Чунки муносибати хуб ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ва қарор доштани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия тақозо намуда истодааст, ки дарсҳо бо забони русӣ бештар аз нишондод ба роҳ монда шавад.

Ба ғайр аз ин, тибқи созишномаи дутарафа Барномаи махсуси ривоҷи забони русӣ дар макотиби миёнаву олии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад, ки дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шавад.

Дар солҳои нави таҳсили 2018 - 2019 низ сафи хоҳишмандон ба синфи русӣ зиёд асту аммо муаммои дигар норасоии синфхонаҳо мебошад. Ин нуктаро директори мактаб Фароғат Мансурова тасдиқ мекунад.

-Дар ҳақиқат имрӯз талабот ба омӯзиши забони русӣ афзудааст. Алъон дар мактаб 57 нафар муаллимон кор мекунанд, ки аз ин 34 нафарашон мутахассисони забони русӣ ҳастанд. Имсол дар назар аст, ки ба синфи якум ҳафт синфхона ҷудо кунем. Аммо, аллакай онҳо, 275 нафаранд, ки аз нақша зиёд аст. Ба ин хотир мо барои қабули синфҳои якум озмун муқаррар кардем. Сабаби аслии бо теъдоди маҳдуд қабули хонандагон ба синфҳои якум кам будани синфхонаҳо аст, - мегӯяд Фароғат Мансурова.

Тавре шоҳид шудем, дар даромадгоҳи мактаб аз дарвозаи тарафи маҳаллаи Себзор бинои бо хишти хом бунёдшудаи тақрибан 80-сола истодааст. Он аслан ба қатори бинои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта дохил шудааст. Аз гуфти муаллимони мактаби мазкур бармеояд, ки ду сол пеш шуъбаи маорифи шаҳр тасмим гирифта буд, ки ба ҷои бинои кӯҳна бинои замонавӣ бунёд намояд. То ҷое бароямон маълум гардид, воқеан агар ин бино тибқи ваъда азнавсозӣ шавад, боз синфҳои иловагӣ ба қабули ҳарчӣ бештари синфҳои якум мусоидат менамояд. Аммо ду соли ваъдагӣ тамом шуду соли нави таҳсили 2018 - 2019 оғоз мешавад, вале ҳанӯз аз ваъда вафое нест. Чанде волидайн низ шикоят аз он доранд, ки маҳз ба ин мактаб фарзандашонро додан мехоҳанду бо сабаби нақшаи кам наметавонанд онҳоро ба ин мактаб дохил кунонанд.

- Ман худи ҳозир омада фарзандамро ба навбат номнавис кардам, ки дар феҳраст ному насабаш дар ҷои 107-ум қарор дорад. Аз рафти кор маълум аст, ки хоҳишмандон зиёданд. Ин ҷо муаллимони соҳибтаҷриба ҷамъ шудаанд, мутаассифона, синфхона кам мебошад, - мегӯяд Шаҳзода Рустамзода, - сокини шаҳри Хуҷанд.

Дар суҳбат бо директори мактаб маълум гардид, ки омӯзгорони пуртаҷриба аз тамоми фанҳо бо забони русӣ кифоягӣ мекунанд. Онҳо низ хоҳиши онро доранд, ки бинои садамавӣ аз нав барқарор шуда, хоҳишмандон фарогир гарданд. Зеро имкон ва шароити ба мактабҳои хусусӣ бо шартномаҳои нархи гарон додани фарзандонро на ҳар кас дорад.

Ба ҷуз ин, раванди таълим ба талаботи замонавӣ хеле мувофиқ аст. Падару модарон метавонанд, ки ҳар рӯз ба сомонаи мактаби мазкур даромада, аз хониши фарзандонашон огоҳӣ пайдо намоянд. Аз ҷумла, дар он баҳоҳо, давомоти хонандагон дар журнали электронӣ сабт шуда, волидон ба осонӣ ба таври онлайн комёбии фарзандашонро назорат карда метавонанд. Воқеан коргузорӣ беназир аст ва месазад, ки чунин робитаи байни мактаб ва волидон тариқи онлайн дар тамоми мактабҳои вилоят ба роҳ монда шавад.

Яке аз сабабҳои дигари хоҳиши зиёди падару модарон низ ҳамин нукта мебошад. Мутаассифона, тавре ишора кардем, синфхонаҳои маҳдуд наметавонанд, ки ниёзи ҳамаро бароранд.

- Солҳои охир теъдоди хоҳишмандон нафақат ба синфҳои ибтидоӣ, балки болоӣ низ зиёд шуда истодааст. Аммо бо сабаби норасоии синфхонаҳо наметавонем хоҳиши донишандӯзонро қонеъ намоем, - мегӯяд Ф.Мансурова.

Хулоса чунин аст, мутахассисони хуб дар мактабе сарҷамъ шудаанд, ки синфхонаҳои кам дораду бинои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, монеи пешрафти фаъолияти пурвусъат гардидааст. Волидон низ орзу доранд, ки теъдоди синфхонаҳо зиёд бошаду фарзандонашонро ба ин мактаб супоранд. Раёсати маорифи шаҳри Хуҷанд шояд дар кӯтоҳтарин фурсат сари масъалаи бинои садамавӣ андеша намояд?

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh