Насли шоистаи даврон

Хабари хуш боли парвоз дорад, мегӯянд. Ба мақоми аввал соҳиб гардидани чаҳор нафар навраси толибилм дар озмуни байналхалқӣ барқосо байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии “Мактаби Ирфон” паҳн гардид. Яке аз ҳамсинфи ғолиб буданаш ифтихор дошту дигаре шодиашро аз он ҷиҳат пинҳон дошта наметавонист, ки дастпарвари ин муассисаи таълимӣ аст. Саввумӣ миннатдориашро ба устодону омӯзгорон арза медошту чаҳорумӣ нақшаи ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргаштани ҳаммактабашон ва бо гулдаста пешвоз гирифтани ғолибонро мекашид.

Тайёра ба замин нишасту мактабиён бесаброна аз байни дигар мусофирони роҳ фурудоии Абӯбакру Дилноза, Дамирҷону Меъроҷро интизорӣ мекашиданд. Дидагони устоди сухан, муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А.С. Пушкини омӯзгорони забон ва адабиёти рус байни давлатҳои Муштаракул манофеъ ва назди Балтика Ҷамила Қорибобоева нахуст ба директори муассисаи таълимӣ Матлуба Собирова бархӯрд. Сарвари мактаб бошад, аз шавқу шодии беандоза ва муборакбодии пайдарҳами шогирдон фақат сар меҷунбониду бас. Охир чӣ тавр хурсанд нашавадҳ Ин муваффақияти аввалини дастпарварони мактаб нест. Шогирдони муассиса дар баробари ба даст овардани ғолибият дар озмунҳои фаннии шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ борҳо дар давлатҳои Федератсияи Русияву Туркия ба гирифтани мақоми ифтихорӣ соҳиб гашта, ном, шаъну шарафи кишварашонро боло бурдаанд. Ҳамчунин, хонандагон Беҳзод Азимзода, Фараҳноз Раҳмонова, Муслима Шукурова, Маҳбуба Қозихонова, Шаҳноза Дадокалонова, Фарҳод Раҳматуллоев, Абдураҳмон Шукуров, Умедахон Аҳмедова, Фарангис Бахтиёрзода дар сессияи Академияи хурди илмҳо иштирок намуда, сазовори дипломҳои дараҷаи 1 ва узви вобаста гаштанд.

Матлуба Собирова пеш аз ҳама, муваффақияти муассисаи таълимиро дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мебинад. Теъдоди шастнафараи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба насли ҷавону наврас таълиму тарбияи нек дода, ворисони ояндаро ба камол расонанд. Ин аст, ки муассисаи таълимӣ бо Донишгоҳҳои Тоҷикистон, шаҳрҳои Қазон, Новосибирск, Кемеревои Федератсияи Русия, давлатҳои Малайзия ва Хитой дар асоси шартнома ҳамкории зич дорад.

Омӯзгори соҳибтаҷрибаи таълимгоҳ Ҷамила Қорибобоева таассуроташро аз баргузории озмун чунин иброз медорад:

- Олимпиадаи байналхалқии «Золотая середина», ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия барои муайян намудани дониши андӯхтаи муассисаҳои таълимии чаҳор давлат-Белорусия, Қазоқистон, Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид, дар ҳақиқат барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон мададрасон шуд. Фарқият дар он аст, ки шогирдони мо дар олимпиадаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ танҳо аз як фанни таълимӣ имтиҳон супурда, дониши худро фақат дар як самт муайян мекарданд. Ҳамчунин, хонандагон вобаста ба равияҳо дар як вақт аз якчанд фанни таълимӣ аз санҷиш гузаштанд. Толибилмон тавонистанд шартҳои олимпиадаро ба пуррагӣ иҷро карда, зинаҳои илмро фатҳ ва барои ояндаи босаодат замина гузоранд. Маҳз, тайёрии ҳамаҷониба, дониши пурраи шогирдон буд, ки Абӯбакр Воҳидов-хонандаи синфи 10 аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, Дилноза Абдуғаффорова-хонандаи синфи 8 аз фанҳои математика ва физика, Дамирҷон Фозилов-хонандаи синфи 8 аз фанҳои таърих ва забони англисӣ ва Меҳроҷ Турсунов-хонандаи синфи 5 аз фанҳои забони англисӣ ва таърих сазовори мақоми ифтихорӣ гаштанд. Умед дорем, ки ин ғолибият барояшон охирин нахоҳад буд,-иброз дошт Ҷамила Қорибобоева.

Бале, ба даст овардани ғолибият кори саҳлу осон нест. Кӯшишу ғайрат, мутолиаи пайваста, шабзиндадориҳои бардавом, ин аст маҳсули меҳнати шогирдон барои сазовор шудан ба мақоми аввал. Бахусус, барои Меҳроҷ Турсунов, ки худ хонандаи синфи панҷуми таълимгоҳ буда, дар олимпиада бо хонандагони синфи шашум рақобат дошт, бениҳоят душвор буд. Аммо саъю талоши беандоза ва пайвастааш имкон доданд, ки тамоми пайроҳаҳои илмомӯзиро паси сар карда, дар байни ҳамагон маъруфият пайдо намояд. Аъзои ҳакамон ба ин хонандаи закӣ, ки тавонист бо дониши мукаммалу ҳозирҷавобии хеш ҳамагонро қоил намояд, аҳсант мехонданду кафкӯбӣ мекарданд. Зиёда аз ин ба шогирди мактабхон беш аз ҳама тамошои маркази савдои «Аура» ва Маркази илмии «Галилео», маркази китоб, тамошои делфин ва дигар ҷонварони баҳрӣ ва ҳамчунин боғи ҳайвонот писанд омад. Ҷоиз ба қайд аст, ки ин муваффақияти аввалини Меҳроҷ нест. Ҳанӯз дар синфи дуюм мехонд, ки дар озмуни байналхалқии Урфо-2 дастболо шуд. Барои ба даст овардани ин муваффақият ӯро падару модараш раҳнамун буданд. Меҳроҷ мехоҳад дар оянда дипломат шавад ва ба халқу Ватан хизмати шоиста намояд.

Вақте дар саҳнаи калон, дар назди тамошобинони зиёди ҷумҳурии бародарии рус тоҷикдухтари суғдӣ Дилноза Абдуғаффорова бо лаҳни хуш ва шево яке аз шеърҳои шоири рус Некрасов-«Крестянские дети»-ро қироат намуд, бемуҳобот дидагони толорбудагонро ашк фаро гирифт. Тарзи хониш, оҳанги талаффуз, ҳаракатҳои ба худ хоси ин духтараки ситорагарм ҳангоми қироати шеър ҳамагонро мафтун карда буд. Иштирокчии олимпиадаи «Кенгуру», донандаи забонҳои русиву англисӣ, ӯзбекиву туркӣ, дӯстдори санъати рақс, ровии хушовози радиои «Пайванд», ҳунарманди наврас, кашидадӯзу ҷулоҳибоф Дилнозабону тавонист бо маҳорати баланди илмомӯзиаш қалби дӯстдорони санъати суханро тасхир созад ва ба гирифтани мақоми аввал шарафёб гардад. Fолибият барои ин ташнаи илм ҷаҳони орзуҳоро кушод. Нахуст аз қиблагоҳии мӯътабараш, ки муҳандиси соҳаи сохтмону модари сухандону ҳунармандаш, ки донандаи асрори тиб аст, сипосгузор шуд. Дилнозабону дар оянда иқтисоддон шуданист. Барои ин пайваста меомӯзаду навгониҳои ин соҳаро азхуд менамояд. Зеро медонад, ки оянда аз ӯ ва ӯ барин наврасону ҷавонон вобаста аст.

Абӯбакр Воҳидов барои идомаи таҳсил ҳанӯз аз синфи панҷум ба муассисаи таълимии миёнаи умумии ғайридавлатии «Мактаби Ирфон» омада буд. Дар баробари барномаи таълимӣ омӯзиши забони арабӣ ӯро водор сохт, ки таваҷҷуҳашро ба забонҳои хориҷӣ бештар намояд. Маҳз, машғулиятҳои хуби омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси таълимгоҳашон ва ҳидоятҳои ӯ буданд, ки Абӯбакр тасмим гирифт, донишашро дар арсаи байналхалқӣ низ санҷад. Тӯли се соати муқарраршуда барои гузаронидани санҷиш кифоя буд. Дар ин муддат Абӯбакр тавонист аз фанҳои забони русию англисӣ санҷиш супорад ва сазовори баҳои хуби аъзои ҳакамон гардад.

Ҷавони соҳибиродаро дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бахусус меҳмондӯстии халқи рус писанд омад. Шароити хуби таҳсил, фарогирӣ бо воситаҳои техникии ҳозиразамон насли ҷавони он кишварро водор месозад, ки аз болои худ ҳарчӣ бештар кор карда, ба қуллаҳои баланди илм бирасанд.

Абӯбакр низ хост дар оянда таҳсилашро дар кишвари Амрико давом дода, номбардори халқу Ватани хеш бошад. Ҷавонписари бебок дӯстдори варзиш низ буда, бо намудҳои гуногуни он шуғл меварзад. Дар баробари ин аксбардории манзараҳои ҷолиби кишвар ва табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосояш аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯст.

 Чун аз баргузории олимпиада аз навраси серғайрат Дамирҷон Фозилов пурсон шудем, иброз дошт, ки ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар мавриди суолҳо аз таърихи кишвари рус ба душворӣ дучор шудааст, аммо сабақҳои аз устодаш-Ҷамила Қорибобоева гирифтаро сармашқи кори худ намуда, сарбаландона аз санҷиш гузаштааст. Ба Дамирҷон бахусус тамошои табиати афсонавии кишвари рус, меҳмонхонаҳои барҳаво ва замонавӣ, ошхонаи таомҳои миллии тоҷикӣ, парки обӣ, майдони яхмолакбозӣ ва планетария писанд омад. Ҷиҳати таассуротбахш ҳангоми сафар боз дар он мушоҳида гардид, ки онҳо бо хатмкардагони муассисаи таълимиашон вохӯрии судманд гузаронида, ҷиҳати таҳсил дар ин кишвар пурсон ва аз вазъи шароити зисту зиндагонии онҳо бохабар шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иштирокдорони олимпиадаи байналхалқии «Золотая середина» ба Тоҷикистон бо таассуроти нек баргаштанд. Агар яке дар мавриди баргузории олимпиада ва шаффофияти он гуфта гузарад, дигаре баҳои хешро ба таърихи ин кишвар ва саввумӣ аз табиати зебою мардуми меҳмоннавозаш ҳарф мезаданд. Зиёда аз ин толибилмон тавонистанд аз давлатҳои Белоруссияву Қазоқистон ва Русия дӯстони худро пайдо намуда, минбаъд бо онҳо риштаҳои дӯстӣ мепайванданд.

Толибилмон ғолибияти хешро на танҳо дар дониши худ, балки дастгирии кумитаи падару модарон ва муассиси мактаб мебинанд. Зеро бо кӯшишу ғайрати беандозаи муассис Абдумалик Қурбонов ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон тавонистанд муваффақиятҳои худро ба ҷаҳониён муаррифгар бошанд. Ба шогирдони донишманду закитабъ парвози баланд ва фатҳи қуллаҳои илмро хоҳонем.

 Шоира Каримзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh