Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд

Рӯзи 22 майи соли 2018 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани Гувоҳнома ба иштирокчиёни “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи пешбаранда ва қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб меёбанд.  

Бо назардошти мақом ва рисолати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки шароити таҳсил ва зиндагии шоиста фароҳам оварда шавад. Муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил бо тамоми таҷҳизоти навини технологии муосир, сохтмони иншоотҳои таълимии замонавӣ, майдонҳои варзишии ба талабот ҷавобгӯ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи Раиси вилоят барои донишҷуён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз иқдомҳоест, ки ҷиҳати дастгирии ҷавонон равона гардидааст.

Раиси вилоят ҳамзамон донишҷӯёнро ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо хониши аъло ва фаъолияти пурсамар таманно кард.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 48 нафар иштирокчии Ҳафтаи худидоракунӣ аз ҷониби Раиси вилоят Гувоҳномаҳо супорида шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси қарори Раиси вилоят баргузор гардида, тавассути озмун аз байни зиёда аз 470 нафар 48 донишҷӯи фаъол барои иштирок дар Ҳафтаи худидоракунӣ роҳхат гирифта буданд. 7 майи соли равон донишҷӯён бевосита ба иҷрои вазифаҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шурўъ карда, тӯли як ҳафта бо самтҳои фаъолияти воҳидҳои сохторӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз ҷалби донишҷӯён ба идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама шинос намудани онҳо бо низоми роҳбарӣ ва андӯхтани донишу малака дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Дар ин рӯз инчунин ба ғолибони озмуни “Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон”, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир шуда буд, Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим шуд. Дар озмуни мазкур дастаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи якум, дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи политехникии ДТТ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибон маҷмӯан 18 ҳазор сомонӣ мукокофтпулӣ супорида шуд.

Дар охири чорабинӣ чанде аз донишҷӯён сухан гуфта, миннатдории ҷавонони вилоятро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии насли ҷавон баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh