Мулоқоти Раиси вилоят бо донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

16 майи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Пеш аз оғози мулоқот Раиси вилоят аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ташкил шуда буд, боздид намуд.

Раиси вилоят зимни мулоқот нахуст донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдоро ба муносибати моҳи нишоту ҷавонӣ ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо, аз ҷумлаи соҳаи маориф ва илм дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рўи 20 ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура мутахассис тайёр менамояд. Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст.

Дар ҷараёни таълим устодон ва донишҷўён аз 550 компютер, 35 тахтаи электронӣ, 96 проектор, дигар таҷҳизоти мултимедӣ ва технологияҳои иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Инчунин, китобхонаи электронӣ бо 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ,  китобхонаи муқаррарӣ бо зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ, синфхонаи интернет ва лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажер, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд.

Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомўзӣ дошта, қисме аз таҷрибаомўзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд.

Тавре таъкид карда шуд, дар донишкада бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир ва донандаи се-чор забони хориҷӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, 14 гурўҳе, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Чунин тарзи таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ беназир буда, донишкада бо омўзгорони ихтисосманде, ки фанҳои таълимии гуногунро бо забони англисӣ таълим медиҳанд, пурра таъмин мебошад. Инчунин аз кишварҳои хориҷи дур, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо низ мунтазам олимону профессорон барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ба донишкада ҷалб карда мешаванд.

Донишкада ҳамзамон бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС - МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастовардҳои устодону шогирдони донишкада таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаи таълимиро ба боз ҳам боло бурдани сатҳи донишандўзию сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони варзида ва таъмини хатмкунандагон ба ҷойҳои корӣ,  рушди низоми инноватсияи миллӣ ва беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷалб намуд.

Раиси вилоят бо ишора ба мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, таъкид кард, ки дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байни мазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро ба худшиносию худогоҳӣ даъват намуда, таъкид менамоянд, ки насли ҷавони мо бояд дорои одобу ахлоқи ҳамида бошанд ва анъанаву суннатҳои мардумии моро риоя намуда, ба омўзиши амиқи илму дониш машғул гарданд, мутахассиси варзида шуда, барои ободии Ватани азизамон хидмат намоянд. Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо, аз ҷумла Шумо донишҷўёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун нерўи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ободии кишвари азизамон саҳми сазовори хешро мегузоред, - иброз дошт Раиси вилоят.

Сипас, чанде аз донишҷӯёни фаъоли донишкада сухан гуфта, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ба Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят ба як қатор донишҷӯёни пешқадам туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Дар охир аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишкада барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh