Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 140-умин солгарди Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони  «Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик» баргузор гардид.

Конференсия бо суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ ёфт.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конференсия расонид.

Ҳамчунин, маърӯзаҳои олимони маъруфи тоҷик Абдусамад Муллоев – декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти унвони “Консепсияи ҳунари чеҳранигорӣ дар насри С.Айнӣ”, Муртазо Зайниддинов  – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робитаҳои адабии халқҳои  тоҷику тотор дар ҳарими матбуоти даврӣ”, Матлубаи Мирзоюнус ­– профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Омилҳои шуҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ” шунида шуд.

Дар конференсия масъалаҳои сиёсат, таърих ва ҳунарҳои мардумии замони Садриддин Айнӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, матншиносӣ ва мероси адабӣ дар осори устод, нақши ӯ дар ташаккули забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ, матбуоти миллии тоҷик, ақидаҳои педагогӣ ва маорифпарварии Садриддин Айнӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи баргузории конференсия озмуни донишгоҳии “Ёддоштхонӣ” ҷамъбаст гардида, аз тарафи ректори донишгоҳ зиёда аз 10 нафар магистрант ва донишҷӯёни ғолиб бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Боҳир Раҷабов,
муовини сардори раёсати
 илм ва инноватсияи ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh