Таҳсилоти фосилавӣ: имконият ва мушкилот

Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомўзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Айни ҳол низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои олии кишвар қадами навбатӣ барои воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бино ба таъкиди мутахассисон яке аз шаклҳои нисбатан пешқадами таълим дар шароити муосир мебошад. Аз хулосаҳои масъулин бармеояд, ки ин низом барои ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ, аз қабили баланд бардоштани дараҷаи саводнокии аҳли ҷомеа, сатҳи иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, дараҷаи худшиносӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва рушди фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчўбаи ҷомеаи умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Фосила то фосила

Таҳсилоти фосилавӣ низомест, ки аллакай дар аксари мактабҳои олии дигар кишварҳо роҳандозӣ шудааст. Омўзиши фосилавӣ бо истифодаи шабакаи Интернет амалӣ мешавад.

Барномаи таълимӣ дар асоси веб-технологияҳо асинхронӣ буда, иштироки яквақтаи омўзгор ва донишҷўро таъмин мекунад. Лексияҳо пешакӣ дар шабака ҷой дода мешаванд ва донишҷў метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти ба худ муносиб омўзад. Ғайр аз ин, донишҷў имкони додани саволро ба омўзгор тавассути почтаи электронӣ дорад. Мутахассисон мегўянд, ки ҳангоми таҳсили фосилавӣ таълимгоҳҳо метавонанд аз шаклҳои гуногун, монанди барномаҳои компютерии махсус интихобшуда ва ба донишҷў мувофиқгардонидашуда, конфронс - робита, почтаи электронӣ, онлайн-мессенҷерҳо ва ғайраҳо истифода намоянд. Базаи моддии раванди таҳсили фосилавӣ аз компютерҳои фардӣ, смартфонҳо ва ҳатто ҳаққонияти виртуалӣ (VҚ) иборат мебошад.

Дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон www.maoқif.tj бартарияти таҳсилоти фосилавӣ чунин дастабандӣ шудааст:

• сарфаи вақт (зарурати ба макони таҳсил рафтан ва омадан лозим нест);

• кам шудани хароҷот дар раванди таҳсил;

• имконияти дар як вақт таҳсил намудани теъдоди зиёди донишҷўён;

• беҳтар намудани сифати таълим аз ҳисоби истифодаи усул ва технологияи муосир;

• бо зудӣ пайвастшавӣ бо китобхонаи электронӣ ва базаи иттилоот;

• ҳосил намудани муҳит ва методикаи ягона ё худ соҳавӣ.

Гуфта мешавад, ки аттестатсияи ҷамъбастӣ дар асоси Низомномаи таҳсили фосилавӣ, аз рўи фан дар назди устод дар шакли тестӣ амалӣ мегардад, аз ин рў, ба донишҷў лозим аст, ки дар шароити оила барои бомуваффақият анҷом додани супоришҳои тестӣ зери назорати устод тайёрии хуб бинад.

Пас метавон гуфт, таҳсили фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ мебошад, ки таҳсил дар масофа бе иштироки бевоситаи таълимгиранда ва омўзгор имконпазир мегардад.

Таълими фосилавӣ қонеъ намудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот мебошад. Ин низоми таҳсилот хилофи маҷмуи амалкунандаи шакли таълими рўзона ва ғоибона нест. Вай ба тарзи табиӣ бо ин маҷмуъ якҷоя мегардад, онҳоро мукаммал мегардонад, барои якҷоя гаштани сохторҳои таълимии гуногун ва рушди таълимоти мукаммали шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Донишгоҳҳо омодаанд?

Аллакай барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот омода ва мавриди истифодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифтаанд. Ин низом дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб бомуваффаққият ҷараён дорад.

 Зимнан бояд гуфт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда таҳсилоти фосилавиро дар ин низоми таҳсил ба роҳ монд. Дар донишкада соли панҷум аст, ки таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад. Ин Муассисаи таълимӣ аз рўи ихтисосҳои “Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар иқтисодиёт, “Молия ва қарз”, “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо “таҳсили фосилавиро аз соли хониши 2013-2014 ба роҳ монд. Соли хониши 2016-2017 40 нафар донишҷў баъди хатми таҳсилоти фосилавӣ соҳиби маълумоти олӣ шуданд.

Сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ Р.Исомаддинова мегўяд, ки донишкада баробари рушди технологияи телекоммуникатсионӣ қадам ниҳода, устодон барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ чораҳои мушаххас меандешанд.

Аллакай соли 2013 барномаи идоракунии раванди таълим бо имкониятҳои зарурӣ сохта шуда, сомонаи таҳсилоти фосилавӣ (СТФ) бо номи www.fosilavi.tj ба шабакаи глобалии Интернет пайваст гардид. Бино ба иттилои мавсуф таъминоти барномавии сомона аз тарафи устодон-барномасозони донишкада тартиб дода шуда, раванди таълим новобаста аз масофаи ҷойгиршавии донишҷў ва устод амалӣ мегардад. Донишҷўён дар минтақаҳои дуру наздики кишвар, инчунин, дар мамлакатҳои хориҷа (Амрико, Чин, Русия) кор ва фаъолият бурда, ҳамзамон таҳсилро давом медиҳанд.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои дастрас шудани сомона ба ҳар як донишҷў, устоди таҳсилоти фосилавӣ ва маъмурияти донишкада калиди воридшавӣ (логин) пешниҳод намудааст. Р.Исомаддинова таъкид мекунад, ки дахолатнопазирии шахси дигар ба ҳуҷраи шахсӣ таъмин аст. Интерфейси истифодабарандагон мутобиқи технологияи муосир сохта шуда, онҳо имконият доранд бо воситаи таҷҳизоти замонавӣ, телефонҳои мобилӣ ва планшет ба сомона ворид шаванд. Бо оғози таҳсили фосилавӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои ҳар як фан бо воситаи сомонаи омўзишӣ маводҳои таълимии устод ба донишҷў дастрас мешавад.

Зимнан бояд гуфт, ки маводи таълимии устоди дарсдиҳанда таҳти назорати маркази донишкада қарор гирифта, сомона саҳифаи назоратӣ барои мушоҳидаи саривақт омода намудани маводи таълимии устодон, тафтиши саривақтии супоришҳои иҷрошудаи донишҷўён, эзоҳи баллҳои гузошташуда мавҷуд аст.

Барои ташкили муоширати зинда бо омўзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудааст, ки аз ҳар як фан дар давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Таъминоти барномавии вебинар - Mirapolis Virtual Қoom (www.viқtғalқoom.қғ) харидорӣ шуда, аз рўи ҷадвали дарси вебинар ба истифода дода мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва донишҷў аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Системаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси стандарти байналхалқии умумиҷаҳонӣ ISO/IӯC тартиб дода шуда, он ҷавобгўи меъёрҳои стандартҳои байналхалқӣ мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо назардошти ҷаҳонишавии низоми таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тавассути таҳсилоти фосилавӣ, дар асоси “Низомнома оид ба маркази таҳсилоти фосилавӣ”, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 1 сентябри соли 2017 дар заминаи шуъбаи ғоибона шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияташро оғоз намуд.

Мудири шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи мазкур Муҳаммад Маҳмадшоев қайд мекунад, ки нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавӣ аз рўи 21 ихтисос аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки минбаъд мувофиқи он корбарӣ ҷараён хоҳад гирифт. Тибқи иттилои ин манбаъ сайти таҳсилоти фосилавӣ дар шабакаи Интернет мавриди истифода қарор дорад. Шумораи донишҷўёни ба тариқи фосилавӣ таҳсилкунанда аз ҳисоби донишҷўёни курси якуми факултетҳои педагогӣ, молия ва иқтисодиёти бозор, физика, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ (аз рўи 7 ихтисос) 255 нафарро ташкил медиҳад. Аз захираҳои дар сайт мавҷуд буда, то имрўз 250 нафар донишҷў истифода намуда истодаанд, контенти сомона бо КТМ-и фанҳои дар нақшаи таълимӣ барои курсҳои аввал мавҷуд буда, пурра гардонида шудааст.

Воқеан, имрўз дар бинои таълимии рақами 3-и донишгоҳ як синфхонаи компутерии муҷаҳҳаз бо 18 компутер ба фаъолият оғоз намудааст, ки муҳассилини муроҷиаткунанда аз он истифода мебаранд. Инчунин, кормандони шуъба барои донишҷуёне, ки дар фаҳмиши ин самт душворӣ мекашанд, курсҳои омўзиширо ташкил намуданд.

Заминаи холӣ нашояд!

Албатта, низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи холӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Баҳри татбиқи босамари ин низом мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ ва барномаи электронии идоракунии раванди таълим зарур аст.

Баҳри боз ҳам беҳтар намудани раванди ҷоришавии низоми таҳсилоти фосилавӣ зарур аст, ки таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои пешрафта омўхта шавад ва дар ин робита ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ бояд вусъат ёбад. Бо мақсади баланд бардоштани сифат, ҷорӣ намудани меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ робитаи илмӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва баҳри ворид шудан ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ донишкадаҳои олии кишварро зарур аст, ки ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ беш аз пеш вусъат бахшанд.

Мушкил дар чист?

Албатта, ҳар оғоз ва раванди нав дар баробари дастовардҳо мушкилоти хешро дорост. Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ низ баъзе мушкилиҳоро метавон мушоҳида кард, ки асосан ба дастрасии бевоситаи Интернет ва компютер алоқаманд мебошад.

Дар баробари дастрасӣ малакаи истифода аз компютер ва интернет низ хеле муҳим аст. Мутаассифона, имрўзҳо нафароне ҳастанд, ки аз тарзи истифодаи компютер ва интернет ба таври комил огоҳ нестанд ё аз истифодаи онҳо хеле қафо мондаанд. Суръати пасти интернет низ дар ин замина бетаъсир намемонад. Ин мушкил сабабгори сари вақт иҷро нагардидани нақшаи таълимӣ шуда метавонад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh