Эътибор ба рушди соҳаи маориф

Сарвари давлат дар ироаи Паёми худ боз қайд карданд, ки “мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем”.

Дар ҳақиқат, дар кишвар ба соҳаи маориф аҳамияти ҷидди дода шудааст ва солҳои охир муассисаҳои таълимии зиёд бунёд гардидааст, ки чунин дастовардҳо дар даврони Шӯравӣ низ дида намешуд.

Танҳо соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Президенти кишвар қайд карданд, ки соли 2018 низ ин раванд идома ёфта, маблағҳо аз буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд.

Албатта аз чунин эътибор нисбат ба рушди соҳа нишондиҳандаҳо боло рафта истодааст. Чун дар Паёми Президенти кишвар қайд шуд, мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Дастовардҳое, ки ҷавонони кишвар соҳиб шуда истодаанд ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат мебошад.

Вале мо набояд бо ин қонеъ шавем. Чун Сарвари давлат қайд карданд, “Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем”.

Бале, аз дастовардҳо боз руҳбаланд шуда, мо бояд дучанд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки қуллаҳои баландтарро соҳибӣ кунем.

-Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем, - зикр гардид дар Паём.

Боз як ғамхории Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳуриро алоҳида қайд кардан зарур аст, ки  новобаста ба бӯҳрони иқтисоди дар кишварҳои зиёди ҷаҳон дар давлати мо маошу, стипендия ва нафақа мунтазам афзоиш меёвад ва аз моҳи сентябри соли 2018 маоши омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён 15 фоиз зиёд мешавад.

Ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар мо, омӯзгоронро водор мекунад, ки вазифаи худро аз сидқи дил адо намоем ва дар тарбияи насли наврас ба дастовардҳои шоиста ноил гардем. 

Буойша БАЙНАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 14-и ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh