Барномаи ҳамешагии маорифчиён

Паёми нерубахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маорифро барои иҷрои вазифаҳои навбатӣ ва қонунҳои амалкунанда раҳнамун гардонид.

 Низоми маориф ва илми кишвар имрўз марҳалаи муҳими тақвияту ташаккули худро пеш мебарад. Дар раванди ҷараёнгирии самарабахши соҳа ва ташаккули ҳамгироии илму таҳсилот нақши ҳукумати мамлакат ва сиёсати фарогиру дурнамои давлатӣ омили муҳим ба ҳисоб мераванд.

 Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон доштааст. Ҳамин аст, ки мо – маорифчиёни вилояти Суғд таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллатро ба соҳа ҳамаҷиҳата эҳсос мекунем. Яке аз падидаҳои ҷолиби ин сиёсати иҷтимоӣ аз моҳи сентябри соли 2018-ум 15 фоиз баланд бардошта шудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм муҷиби дилгармию ҳавасмандии маорифчиён ба натиҷаҳои фаъолият гардид.

Маорифчиёни вилоят дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини иҷрои рисолати бузургашон - роҳандозии таълиму тарбия бо назардошти ниёзҳои истиқлолияти давлатӣ, самтҳои пешрафти ҷомеа, арзишҳои маънавию ахлоқии халқамон дар пайвастагӣ бо арзишҳои умумибашарӣ саъю талош ба кор мебаранд.

 Аҳли маориф аз тамоми имконот истифода карда, дар ҷараёни пешбурди кори таълим ба як қатор дастовардҳо соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, соли хониши ҷорӣ ба зинаи сеюми таҳсил аз 41 ҳазору 753 нафар хатмкунандагони синфи 9 36 ҳазору 279 нафар ба синфи 10 қабул карда шуданд ва ин нишондод аз соли гузашта зиёд мебошад. Агар қабули хатмкунандагони синфи 9-ро ба литсею коллеҷҳо, маҳфилҳои гуногун ва ба фарогирӣ ба шуғлро ба инобат гирем, ин нишондиҳанда 97,2 фоиз, аз ҷумла духтарон 96,7 фоизро ташкил медиҳанд.

 Маорифи вилоят соли таҳсили гузашта дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” сазовори ҷойҳои аввал гардида, ҳамзамон 59 нафар шогирдон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 16 медали тилло ба даст оварданд. Бо мақсади ҳавасмандии омўзгорони пешқадаму соҳибтаҷриба бо иқдоми Раиси вилоят 200 нафар тарбиятгарони насли наврас дар осоишгоҳҳо ройгон бо истироҳат фаро гирифта шуданд. Ғолибони олимпиадаҳои хориҷаи дур ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 то 55 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. 19 ноябри соли 2017 қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020” ба тасвиб расид.

Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид доштанд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем. Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар ин самт ҷараёни хуб касб кардааст.

Ҷиҳати татбиқи ин ҳидояти созандаи Пешвои миллат дар Раёсати маорифи вилоят нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия гардида, дар асоси он раванди мазкур дар муассисаҳои таълимии вилоят дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишуда, грантҳо, кредитҳо, фондҳои ёрирасони байналмилалӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дигар нуктаи муҳиме, ки дар Паём зикр гардидааст, масъалаи бо шуғл фарогирии аъзои ҳар як оилаи мамлакат мебошад. Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, косибӣ ва корҳои хонагӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ марказҳои омўзишӣ ташкил карда шаванд. Дар иртибот ба ин тазаккур бояд дод, ки дар назди 669 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои рўзгордорӣ ташкил шуда, ҳамчунин дар 859 муассисаи таълимӣ танўр ва дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оташдон насб шудаанд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо маҳфилҳои сўзанидўзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ташкил ва дастгоҳҳои қолинбофӣ ва дўконҳои атласу адрасбофӣ харидорӣ шудаанд. Дар соли 2018 ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳ боз ҳам афзун мешавад.

 Паёми Сарвари муаззами кишвар на танҳо ба рушду нумуи соҳаи маориф, балки ба ривоҷи дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум низ равона гардидаанд. Эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамаҷиҳата тараққӣ ёфтани соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ ҳаматарафа мусоидат мекунад. Ин иқдоми навбатии Президенти мамлакат башоратгари рушду нумуи минбаъдаи ин соҳаи хеле сердаромад маҳсуб мегардад.

Маорифчиёни вилоят имрўзҳо бо шукргузорию саодат нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ҳамаҷониба омўхта, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо аз таҳти дил саъю талош меварзанд. Зеро, Паёми Сарвари давлат ба ҳайси роҳнамои фаъолияти ҳамарўзаи маорифчиён ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, вусъати тафаккури илмӣ - иттилоотӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ наздик сохтани нишондиҳандаи таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таҳким бахшидани заминаҳои моддӣ - техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ хизмат мекунад.

 Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh