Баҳри интихоби дурусти касб

Бо мақсади ошноии бештари хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад.

Бо ин мақсад дар Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда иброз дошт, ки соли равон 48 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 11 мактаби хусусии шаҳри Хуҷандро 2445 нафар хатм менамоянд. Ҳамасола миқдори дохилшавии довталабони шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳии вилоят бештар аст. Солҳои охир бинобар таваҷҷуҳи хосса ба мактабу маориф, шумораи ғолибони олимпиадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби хонандагони шаҳри Хуҷанд афзуда истодааст.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Шарифзода Муъмин, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Рауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷнд  ва Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд тавассути видеролик ва слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Хатмкунандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд дар фарҷом ба сарварони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh