Саҳми бештари волидайн

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки дар кишварамон соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ин ташаббус қобили дастгирӣ мебошад, зеро ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд. Ҷавонон низ аз ин пешниҳоди Пешвои миллат хеле рўҳбаланд гашта, дар кори ободониву тараққиёти Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ман ин Паёмро мехонаму нисбат ба ҳаёти ҷавонон бо ҳавас менигарам. Аз он меболам, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат сол аз сол ба тамоми қишри ҷомеа, махсусан нисбат ба ҷавонон ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Давраи ҷавонии мо ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост омад. Он вақт дар мактабу институтҳо таҳсил доштем. Дар хусуси калкулятор, телефони мобилӣ, интернет, компютер, китобхонаи электронӣ тасаввурот ҳам надоштем. Зиндагонии ҳамаи мо-ҷавонон хоксоронаю оддиякак мегузашт. Аммо кўшишу ғайрати илмомўзӣ доштем, ростқавлу росткор, меҳнатпарасту ватандўст ба воя расидем.

Худи ман бошам, пас аз хатми мактаби миёна ба Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, касби омўзгориро пеша кардам. 39 сол машғули тарбияи мактабиён гашта, чун дигарон зиндагии хоксорона доштам. Аз ин пешаи интихобкардаам ҳеҷ гоҳ норозӣ набудам ва нестам.

Шукр мекунам, ки соҳиби фарзандон ва набераву абераҳо гаштаам. Давраи ҷавонии наберагони ман (12 нафар) ба солҳои Истиқлолият рост меояд. Баъзеи онҳо дар мактабҳои олӣ хондаанд ва ҳоло ҳам хонда истодаанд. Ҳама вақт таҳсил ва рафтори онҳоро назорат мекунам, бо мактаб ва муаллимони онҳо робитаи доимӣ дорам. Аз хонишу рафтори наберагонам имрўз қаноатмандам. Ин аст, ки набераам Фирўзҷон дар мактаби олӣ шўъбаи мутахассиси барқро хатм карда, дар шаҳри Бўстон аз рўи ихтисоси худ кор мекунад. Нигора пас аз хатми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар Беморхонаи бачагонаи вилоятӣ фаъолият дорад. Ҳоло бошад, Фирдавс хатмкунандаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Барнаули кишвари Олтой, Фарида донишҷўи курси сеюми Коллеҷи тиббии маркази вилоят, Муаззама донишҷўи Донишгоҳи давлатии иқтисод мебошанд. Сафияю Парвина, Амирҷон, Фурқатҷон, Биҳоҷира, Фархунда ва Беҳрўзҷон талабагони мактабиянд. Кўшиш дорам, ки ҳамаи онҳо хушсаводу бомаърифат ба воя расанд, оянда нафърасони ҷомеа гарданд.

Ҳамчун омўзгори собиқадор ҳамсолони худро даъват менамоям, ки таълиму тарбияи фарзандон, наберагон ва аберагони худро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозанд, зеро ки як лаҳза бепарвогии мо дар ин бобат оқибати нохушро ба бор оварданаш мумкин аст. Бо ин васила мо ҳам дар тарбияи насли наврас саҳмгузор мешавему ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро амалан иҷро менамоем.

Алиҷон Олимов,
омўзгори собиқадор аз
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh