Маориф самти калидӣ боқӣ мемонад

Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Ва ин нуктаро бори дигар дар Паёми хеш Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:

«…Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷўҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомўзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд»...

Пас аз шунидани Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дилгармии ман ҳамчун мутахассиси ҷавон ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва Ватани ободу соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар шуд.

Аз суханони Сарвари давлат бармеояд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омўзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад. «…Такроран хотирнишон месозам, ки омўзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллатанд…» - таъкид намуданд Президенти кишвар дар Паём.

Аз ин хотир мо, омўзгорони ҷавон бояд тамоми кўшишу ғайрат ва донишу маҳоратамонро баҳри он сафарбар намоем, ки ҳамеша сазовори чунин эҳтирому боварӣ бошем. Ҷавобан ба арҷгузориҳои Роҳбари давлат нисбат ба меҳнати омўзгор мо - мутахассисони соҳаи маориф боз ҳам масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, кўшиш менамоем, ки дар раванди таълиму тарбияи насли ватандўсту меҳнатқарин ва маърифатнок саҳмгузор бошем.

Гулорохон Тўраева,
устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ,
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh