Ҷавонон фардои миллатанд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони  «Интихоби мутахассисони арзанда» доир гардид. ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти Маркази мартабаи донишкада ва робитаи онҳо бо корхонаву ташкилотҳо маҳсуб меёфт. 

Дар ярмарка ҳамаи кафедраҳои донишкада дастовардҳои илмию истеҳсолии худ, фаъолияти пойгоҳу озмоишгоҳҳо, муваффаққиятҳои собиқ хатмкунандагони худро пешкаши ҳозирин намуданд. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 60 коргоҳу ширкатҳо аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк» «Бонки байналмилалӣ», «Агроинвестбонк», «Матин», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» «Ҷавонӣ», Ҷамъияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», Маркази забономӯзии «Аркон», ширкати манбаҳои энергияи азнавбарқароршавӣ, ширкати таҷрибаи пешкадам дар бизнес ва молия  дар ярмарка ширкат доштанд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова таъкид дошт, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаи муҳим ва омили пешравии иқтисод ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин нукта пайваста дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш фаъолияти худро танҳо ба як ҳадаф-баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба хоҷагии халқи кишвар омода намудани кадрҳои арзандаи соҳа нигаронидааст. Ва дар ин самт муваффақ ҳам гардида истодааст. 

ҳоло шогирдони донишкада дар беҳтарин ширкатҳои алоқавию бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолияти босамар дошта, бо таъсиси Маркази мартаба мо фаъолиятамонро дар ин самт тақвият бахшидем.

Мудири шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд Калонова Гулчеҳра дар баромадаш нақши донишкадаро дар самти омода намудани мутахассисони варзида нек арзёбӣ намуд.

Сипас мулоқоти озоду шаффофи масъулини корхонаҳо бо беш аз 1142 хатмкунандаи донишкада сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо нишон доданд ва барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисони варзидаро интихоб намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуоти Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh