Низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф

«Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф» - чунин унвон дорад конференсияи илмию методии ҷумҳуриявӣ, ки санаи 22-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ)баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои масъулини бахши таълим ва илми донишгоҳ дар кори конференсия олимону мутахассисони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзида, масоили таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, методикаи таълим, таҷрибаомўзӣ ва роҳҳои такмили он дар низоми мазкур, таҳсилоти ғоибона ва ҷорӣ намудани низоми фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва амсоли инҳо самтҳо ва мавзўъҳои меҳварии ҳамоишро ташкил хоҳанд дод. Аз рўи маводи пешниҳодшуда ба нашр расонидани маҷмўаи мақолаҳои конференсия дар назар аст.

Сорбон Амаков

Add comment


Security code
Refresh