Маскани маърифат

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки  хоҷагии халқи кишвар буда, рушди он пайваста дар мадди таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар доираи татбиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои мушаххас андешида  мешавад.

Ҳамчун омӯзгори мактаб пешравиҳои соҳаи маорифро  ба хубӣ эҳсос менамоям. Ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони таълимгоҳи моро, бахусус иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар хусуси ташкили  маҳфилҳои ҳунарӣ рӯҳбаланд сохт. Ташкили маҳфилҳои ҳунарӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгариву дуредгарӣ ва ҷалби хонандагон  ба омӯзиши он баҳри бедор кардани завқи зебоипа-растиву меҳнатдӯстии хонандагон мусоидат мекунад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 33-уми деҳаи Путхини  ноҳияи Айнӣ 168 нафар хонанда таълим  мегиранд.

Маҳз, ташкил шудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини  шаффофияти имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олии кишвар заминаи хуб гузошт.

Соли хониши сипарӣ 15 нафар хонанда мактаби моро хатм карда бошад, аз онҳо 7 нафарашон соҳиби унвони донишҷӯ гаштанд. Имсол бошад, теъдоди хатмкунандагони мо 27 нафаранд, ки аз онҳо 15 нафарашон  аз қайди  Маркази миллии тестӣ гузаштанд. Ҷорӣ шудани усулҳои фаъоли таълим  ва  истифода  аз аёниятҳои хониш яке аз омилҳои  асосии баланд бардоштани  сифати тадрис маҳсуб меёбад. Чун соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ мегардад, мо - омӯзгорон мекӯшем, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошему шахсони  созандаву ободкорро  тарбия намоем. Зеро, маҳз насли навраси имрӯза ва оянда ободгару бунёдкори Тоҷикистони навин аст.

Ибодулло МУҲИДДИНОВ,
омӯзгори МТМУ-и № 33,
ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh