Беҳтарин ҷуғрофидони ҷумҳурӣ

Хонандаи синфи ёздаҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-уми ноҳияи Мастчоҳ Мунзифа Сафарова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанни ҷуғрофия сазовори мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Мунзифа шогирди муаллими соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Толибҷон Ғиёсов мебошад, ки бист сол боз дар ин мактаб ба таълиму тадриси насли наврас машғул мебошад. Худи муаллими муваффақ Толибҷон писари олими ҷуғрофидони тоҷик, номзади илм, шодравон Обид Ғиёсов аст, ки солҳои тӯлонӣ дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд (алҳол ДДХ) дарс мегуфт.

-Ман шавқу ҳаваси Мунзифа Сафароваро ба илми ҷуғрофия ба назар гирифта, се соли охир ба ӯ ҷиддӣ кор бурдам, дарсҳои иловагӣ гузаронидам, -гуфт зимни сӯҳбат бо мо муаллим Толибҷон Ғиёсов. –Бобояш Одина Сафаров ва падараш Шӯҳрат Сафаров, ки худ муаллим ҳастанд, Мунзифаро дар муҳити хонаводагӣ ҳам ба омӯзиши ҷиддии илм раҳнамун карданд. Маҳз ҳамин омилҳо – завқу хоҳишу кӯшиши шогирд, дастгирии маънавии аҳли хонавода ва заҳматҳои устод ба пирӯзии Мунзифа дар озмуни ҷумҳуриявӣ мусоидат карданд. Дар комёбии Мунзифа саҳми роҳбари синф Расул Расулов низ назаррас аст.

Сарвари мактаб Устоҳафиз Саидов бо ифтихор аз комёбии шогирдон дар озмунҳои зеҳнии ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мегӯяд:

-Аз мактаби мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба ғайр аз Мунзифа имсол боз Шоҳписанд Содиқова (шогирди муаллима Нурбибӣ Гиёева, аз забону адабиёти тоҷик) ҳамчун соҳиби ҷойи сеюми олимпиадаи вилоятӣ ширкат меварзад, ки аз ӯ ҳам натиҷаи хубро чашмдорем.

Умуман, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ воқеъ аст, яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба 780 хонанда 58 нафар омӯзгор сабақ медиҳанд. 45 нафар омӯзгор маълумоти олӣ ва 34 нафарашон дараҷаи олии тахассусӣ доранд.

Ҷӯра ЮСУФӢ

Add comment


Security code
Refresh