Донишманди оянда
- Details
- Published on Tuesday, 14 January 2025 16:07
Вақте тарҷумаи ҳоли шоирони классикро мехондам, бароям аҷиб буд. Яке дар ҳафтсолагӣ Қуръонро аз бар мекарду дигаре дар даҳ-дувоздаҳсолагӣ илмҳои замонашро фаро мегирифт. Иштибоҳ нахоҳад шуд, агар ҳафт сол пештар мегуфтем, ки мо ҳам чунин метавонем, касе бовар намекард. Дониши худро заиф мегумоштему аз ҳаракат кардан гӯё меҳаросидем. Имрӯз, ҷомеа комилан дигар шудааст. Миллат соҳибтамаддуну мардум донишмандтар гардид.
Мавриди таъкид аст, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафт сол мешавад, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва панҷ сол инҷониб озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Ин озмунҳо сармоягузори маънавии инсон барои тай намудани зинаҳои фардо аст, ки натиҷаашро имрӯз бемонеа метавон мушоҳида кард.
Сарвари давлат дар Паёми солонаи хеш қайд карданд, ки дар озмунҳои болозикр бо дарназардошти озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” зиёда аз 2 миллион довталаб иштирок кард, ки натиҷаи назаррас ва сазовори эътироф аст.
Агар аҳолии Тоҷикистонро аз 10 миллион нафар зиёдтар бигӯем, рақамҳои болозикр нишон медиҳад, ки аз панҷ як ҳиссаи аҳолӣ дар озмунҳо иштирок кардаанд. Ин натиҷаи бениҳоят хуб буда, боварӣ дорем, ки солҳои наздик қисми бештари аҳолии мамлакатро фаро мегирад. Ин озмунҳоро инқилоби маънавӣ гӯем, ҳам иштибоҳ нахоҳад буд.
Акнун бармегардем ба гуфтаҳои болозикр. Дар баробари довталабони синнашон нисбатан бузургтар, онҳое буданд, ки ҳоло ҳанӯз аз ҷамоли лӯхтакҳои давраи бачагияшон сер нашудаанд. Бо худ меандешам, ки шояд онҳо хешро пештар шинохтаанд. Ё мехоҳанд, исбот созанд, ки халқи тоҷик тавоност ва аз уҳдаи ҳама кор мебарояд.
Ба ин метавон даҳҳо ғолибони озмунҳои болозикрро мисол овард. Аммо, диққати маро духтараки нуҳсолае бештар ҷалб кард. Бо ӯ дар маҳфили “Ҳумоюн”, ки бо сарпарастӣ ва роҳбарии бевоситаи Шоирони халқи Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона, моҳе як маротиба дар сатҳи олӣ баргузор мегардад, шинос шудам.
Ин духтари худогоҳ, Сафия Маҳмудова буда, дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекунад. Дар синфи сеюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10- уми ба номи Карим Абдулов таҳсил дошта, ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Агар дақиқтар бигӯем, ӯ аз рӯи номинасияи Адабиёти муосири тоҷик дар соли 2023, ҳангоми дар синфи дуюм таҳсил карданаш ғолиб шудааст.
Ӯ кӯдакест, ки дар баҳри маънӣ бо калонсолон якҷо шино мекунад. Аз суханрониҳояш докторони илму профессорон баҳраманд шудаанду борҳо офарин хондаанд.
Ӯ мегӯяд, ки барои иштирок дар озмун беш аз 100 ғазал, 120 рубоиву дубайтӣ ва байтҳои зиёде аз дигар анвои шеърӣ аз бар карда, ҳамчунин наздики 30 китоби бадеиро мутолиа намудааст.
Нутқи бурро дошта, дар суханронӣ аз калонсолон монданӣ надорад.
Муаллимаи ӯ, роҳбалади озмунҳои зикршуда, Дилангез Мирзоёрова мегӯяд, ки Сафияхон дар баробари иштирок дар озмунҳои сатҳи баланд, дар дарсҳо низ басо фаъол аст.
-Вазифаҳои хонагиро дар вақташ омода мекунад, бо баҳои аъло таҳсил намуда, ҳамеша мекӯшад ба ҳамсолонаш барои омода кардани дарсҳояшон кӯмак расонад. Боиси тазаккур аст, ки оилаи ин духтараки донишманд, ҳамаҷиҳата ӯро дастгирӣ мекунанд ва ин аст, ки ба ҷавонияш нигоҳ накарда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад,- илова кард, мавсуф.
Сафия баъди соҳиби ҷоиза гардидан ҳам қонеъ нашуд. Пайваста мутолиа мекунад, шеър аз бар мекунаду бо лаҳни ширин дар маҷлису ҷамъомадҳо қироат мекунад.
Маҳфили “Ҳумоюн”, ки оидаш каме ҳарф задем, якуним сол мешавад, ки дар кашфи истеъдодҳо ва сайқал додани донишу маҳорату малакаи адибону ҳаводорони адабиёт саҳми бориз мегузорад. Шоиру нависандагони бузург ташриф овардаву ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Бо ташаббуси муассисони маҳфил чанд озмун низ баргузор гардид. Озмуне, ки қаҳрамони мо, Сафияро ба мо бештар шиносонид, ин “Шоҳномахонӣ” буд. Бори аввал Сафия “Шоҳҷоиза”- и озмуни мазкурро ба даст овард, агарчи иштирокчиён зиёд буданд.
Тибқи гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш, Сафия Маҳмудова, давоми маҳфил зиёда аз 1000 байт аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз бар кардааст.
- Кӯшиши пайвастаи Сафия маълум медорад, ки ояндаи дурахшоне ӯро мунтазир аст. Шеърҳоро дар муддати кӯтоҳ азбар ва бо шеваи равон қироат мекунад,- иброз дошт, Озарахш.
Сафия дар баробари шеъразбаркунӣ ба забономӯзӣ машғул аст. Ӯ гуфт, ки дар озмуни мактабии “Луғатдони беҳтарин” сазовори ҷойи аввал гаштааст.
Вақте аз нақшаҳои ояндааш пурсон шудем, чунин посух дод: “Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, агар касе дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб гардад, давоми таҳсилро метавонад бе супоридани имтиҳон ба тариқи буҷавӣ дар донишгоҳи олӣ гузаронад. Ман духтур шудан мехоҳам ва кӯшиш мекунам аз ҳозир омодагӣ бигирам”.
Мо ба Сафия Маҳмудова барору комёбӣ мехоҳем. Бовар дорем, ки минбаъд амсоли ӯ кӯдакони дигаре, ҳамчун самараи ин озмунҳо зиёд мешаванд ва бо донишу ақли солим метавонанд дунёро дигар созанд.
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”