Зинаи аввалини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» банди алоҳидае ҳаст, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ном дорад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҷузъи муҳими тарбияи ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Зеро ватандӯст буданро тарбия намудан дигар асту дар лаҳзаҳои ҳассоси ба сари ватан омада баҳри ҳифзу ҳимояи ин марзу бум омода будани ҳар шаҳрванд дигар.

Дар шароити имрӯз тарбияи ватандӯстӣ аз қисмҳои меҳварии тарбияи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, зеро танҳо он фарде дар рушду такомули мамлакат саҳм гузошта метавонад, ки дар рафтору кирдор ватандӯст бошад, дар тафаккури вай эҳтиром ба Ватан, ба арзишҳои олии он ҷо гирифта бошад. Имрӯз таваҷҷӯҳ ба тарбияи ватандӯстии ҷавононро дар сатҳи баланд ба роҳ монем, эҳсоси меҳри Ватан, муҳаббат ба оила ва дар ин замина ҳифзу ҳимоят кардани хонадон дар замири онҳо тақвият меёбад.

ҚАҲҲОРХОН Алиев аз собиқаи бештар аз сивупаҷсолаи худ дар соҳаи маориф бештар аз понздаҳ сол инҷониб дар Гимназияи рақами 4-уми шаҳри Хуҷанд ба муҳассилини синфҳои болоӣ аз фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ машғулият мегузаронад. -Бедор кардани шавқу иштиёқ ба омӯзиши ин фан аз омӯзгор вобастагии калон дорад,-мегӯяд ӯ,-ва аз муаллими ин фан масъулияти хеле баланд, муҳаббати бепоён ба насли наврас ва касби худ, ҳамчунин азму иродаи шикастнопазирро тақозо менамояд. - Дар макотиби миёна машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ бо хонандагони синфҳои болоӣдаҳуму ёздаҳум гузаронида мешавад. Аз нигоҳи имрӯз агар ба солҳои аввали машғулиятгузарониам назар афканам, мушоҳида менамоям, ки ҳоло хонандагон бо шавқи бениҳоят баланд ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ муносибат доранд ва сол аз сол тайёршавии худи бачагон ба ҳифзи Ватан дар ниҳодашон ташаккул ёфта истодааст. Ин комёбии хеле калон аст, ки аз зуҳури эҳсоси баланди ватандӯстии бачагон дарак медиҳад.

Баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Сипар», «Шафақ», «Ватанпарвар», инчунин қувваозмоиҳо барои дарёфти Ҷоми ҷанговарони интернатсионалист, ҳамчунин мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи ҷавонон ва ширкати фаъолонаи хонандагони макотиб ба ин мусобиқаҳо намунаи баланди таъсири тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад. Ба ҷуз ин, вазъи ноустувори ҷаҳон имрӯз тақозо намуда истодааст, ки ҷавонон бо дарки масъулияти ватандорӣ ба фанни омодагии дифоъ муносибат намоянд.

Дар Гимназияи №4 имсол, дар соли хониши 2024-2025-ум муҳассилини 8 синфи даҳум ва 8 синфи ёздаҳум, дар ҳар синф то сӣ нафарӣ, дар маҷмуъ бештар аз 500-600 нафар бо фанни омодагии дифоъ фаро гирифта шудаанд. Ҳамин минвол тайи понздаҳ сол инҷониб ин муаллим ҳар сол чаҳорсад-панҷсад нафар наврасон-духтарону писаронро маҳорату малакаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ меомӯзонад. Имрӯзҳо низ муаллим Қаҳҳорхон Алиев ба ҳамаи ин муҳассилин-писарону духтарон ёздаҳ намуди машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ, аз ҷумла сафороӣ, ба қисмҳо ҷудо ва азнав ҷобаҷо кардани автомати Калашников (дар сонияи муайян); тирпарронӣ аз туфанги тангмил (пневматикӣ); пӯшидани ниқоби зиддигазӣ; ҳаво додани норинҷак ба дурӣ ва ба нишон; холӣ кардани тирдони автомат ва азнав ҷобаҷо кардани он; вазнкашӣ; вазнбардорӣ (16 кг); бандкашӣ; давидан ба масофаи гуногун ва бо монеаҳо; расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар шароити саҳроӣ ва дигарҳоро меомӯзонад.

Аслан мактаб маконест, ки тавассути машғулиятҳои фанни омодагии дифоъ зинаҳои аввалини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат омӯзонида ва дар умум дар муносибат бо яроқу аслиҳа пайдо намудани малакаву маҳорат ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфтани наврасон ёд дода мешавад. Ана ҳамин «омӯзонидан»-ро муаллим Алиев бо масъулияти баланд, бо эҳсоси фавқулодаи як нафар омӯзгори ба касбаш фидоӣ баҷо меорад ва ин аст, ки давоми понздаҳ сол инҷониб дар ҳамаи мусобиқа ва қувваозмоиҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастпарваронаш ҳамеша ғолиб меоянд ва ҷои аввал ва ё дуюмро соҳиб мешаванд.

Чанд сол қабл дар бораи фаъолияти ин омӯзгор ба рӯзнома маводе омода карда будам, он вақт низ ҳангоме суол кардам, ба қавле, ҷавобаш хеле зиёд буд - ғолибиятҳо, музаффариятҳо, сарбаландиҳо.-Шогирдони ман, бачагони понздаҳ-шонздаҳсола, мегӯяд ӯ,- автомати Калашниковро чунон чобукона ва дар сонияҳои башумор ба қисмҳо ҷудо ва азнав ҷобаҷо мекунанд, ки баъзан нишондиҳандаҳои онҳо аз сарбозони қисмҳои ҳарбӣ баландтар аст. Имрӯз низ дастпарваронаш чунин, пешрав, пешбин, пешқадаманд. Шогирдонаш Акбар Хоҷаев, Зебунисо Муллоева, Сафия Обидова, Шаҳноза Рафиқзода, Раҳим Муродов, Салоҳиддин Муҳиддинов, командири даста Анушервон Аҳрорзода, Гулшан Тӯраева дар намудҳои ҳаво додани норинҷак, намуди сафороӣ ва дигарҳо пешқадамиро аз даст намедиҳанд.

Давоми як-ду соли охир дастпарварони ин омӯзгор, аз ҷумла Амир Солиев ба Академияи соҳаи Амнияти Федератсияи Русия дохил гардид, Саидмуҳаммад Раҷабов шунавандаи Академияи Амнияту жандармерияи давлати Туркия аст, Ҷамшед Қосимов ба Академияи ВКД факултаи 4-ум дохил шудааст. Даҳҳо хатмкунандагони гимназияро номбар кардан мумкин аст, ки имрӯз дар сохторҳои қудратии Ватани азизамон фаъолият бурда истодаанд.

Воқеан, дар байни мактабҳои шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақшаи тасдиқшуда мусобиқаҳои бозии футбол мегузарад. Дар гимназияи №4 се даста, синну соли хурд, синну соли миёна ва синну соли калон, яъне синфҳои 5-6, 7-8 ва 9-10-11 дар мусобиқаҳои бозии футбол ширкат мекунанд. Бисёр вақт дар қувваозмоиҳо ин се даста соҳиби ҷойи аввал мешаванд ва гимназияи рақами чорумро сарбаландона муаррифӣ мекунанд.

Овардани як лаҳзаро дар бобати тарбияи маънавиву равонӣ ва устодиву шогирдии омӯзгор Қаҳҳорхон Алиев ҷоиз мешуморам: Падари шогирди ин омӯзгор Фарангис Махкамова, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, аз дасти нохалафон ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Он вақт Фарангис ҳанӯз толибаи синфи шашум буд. Аз ҳамон рӯзҳои пурмусибати ба сари оилаашон омада духтарак ба назди муаллим Қаҳҳорхон Алиев омада, гуфт, ба ман барои дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ фаъолият бурдан маҳорату малака омӯзонед. Аммо модари ин духтарак, аз омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ хоҳиш намуд, ба духтараш барои ба фанҳои гуманитарӣ шавқ пайдо кардан кӯмак расонад, то ки ӯ аз раъяш гардад. -Охир ӯ духтарак аст, оянда соҳиби оила мешавад…мегуфт модар. Қаҳҳорхон Алиев ҳини машғулиятҳо бо аҳли синф мегуфт, Фарангис духтараки забондон, хушгуфтор, агар муаллимаи забони хориҷӣ шавад, чи қадар дастпарваронаш ба ӯ меҳр мебаста бошанд… Гӯё духтарак зермаънои суханони омӯзгорро дарк менамуд, ки бо чӣ мақсад гуфта истодааст. Боре назди омӯзгораш омад ва гуфт- Муаллим, қарори ман қатъист ва ман корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мешавам. Ба ман фотеҳа диҳед… Омӯзгор дар ин маврид ноилоҷ монд. - Фарангис бо шавқу рағбати беандоза фанни омодагии дифоъ, муносибат бо яроқу аслиҳа, нишонзанӣ, тирпарронӣ ва дигарҳоро азхуд мекард.

Имрӯз Фарангис Махкамова ба мақсади худ расидааст… Дар вазифаи нозири калон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШХТҶ ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад…

Бо як сухан ин омӯзгори соҳибмаҳорату инсони нексиришту некбин ба дастпарваронаш натанҳо дарси ватандорӣ, соҳибватанӣ мегузарад, балки дар роҳи ноҳамвори зиндагӣ бурдбор, устувор, қавиирода буданро низ меомӯзонад. Мекӯшад, шогирдонаш инсонҳои комил, ташаккулёфта бошанд, шахсиятҳои ба ҷомеа манзур бошанд, эҳсоси ватандӯстиашон боиси ифтихори устод ва волидон бошад.

Воқеан, худ чунин шахсият аст. Дар умқи дил эҳтирому муҳаббати бепоёнро ба Ватани азиз, ба арзишҳои муқаддаси он мепарварад. Аз навиштаҳояш мехонам: «Ташаккур ба шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, ки давоми бистучаҳор соат ҷараёни бозиҳои олимпиро намоиш дода истодаанд. Ин шукӯҳ, ин шаҳомат, ин зебоиҳои бозиҳои олимпӣ, муҳорибаҳои шадид байни варзишгарони беҳтарини олам, ба монанди Сомон Маҳмадбекову Темур Раҳимов, ки чи қадар тану бозуи қавӣ доранд, вобаста ба намуди варзиши худ. Шукронаи Истиқлолият мекунам, ки Тоҷикистони азиз низ иштирокчии бозиҳои олимпӣ аст ва фарзандони беҳтаринаш Ватани моро муаррифӣ мекунанд…» Боз мехонам: «Чи қадар хуб мебуд, агар баъди Дарси Сулҳ, дар оғози соли хониш омӯзгорони макотиб ба муддати даҳпонздаҳ дақиқа дар бобати ғурури миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ бо изҳори меҳру муҳаббати бепоёни худ нисбат ба Ватани азизамон ба таври содаву фаҳмо дарс гузаранд. Ва албатта, бо сароидан ва маънидод карда додани Суруди миллӣ…» Боз мехонам: «Шогирдон бо роҳбарии Баҳром Обидов навореро пахш намуда, хотираҳоямро бедор намуданд, Ин соли 2014 ва ё 2015 буд.

ДАР давоми 12-13 сол дар 83 чемпионатҳо дар мусобиқаҳо тақрибан 1000 нафар хонандагон, аз ҷумла бештар аз 130-150 нафар духтарон чемпиони мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва футбол шуданд. Баҳромҷон худ дар гурзпартоӣ, найзаандозӣ, гулӯлапартоӣ маҳорати баланд намоиш дода буд… Дар навор шогирдам Саид Болтубоевро дидам, ки ҳамроҳи дастаи футболбозони гимназия азми сафари шаҳри Душанбе доштем. Саидҷон минбаъд дар дастаи яккачини футболбозони то 15 солаи Тоҷикистон баромад карда, чемпиони бозиҳои байналхалқӣ шуд ва унвони «Устоди варзиш»-ро дар 17-солагиаш соҳиб шуд…. Ифтихори гимназия ва Хуҷандшаҳрамон бозингари дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд Парвиз Боқиев аст, ки се сол қабл ба дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон даъват шуда, дар кишвари Туркия давраи омодагиро гузашта буд.» Боз мехонам: «Лаҳзае аз ҳаёти мактаб. Ҳамин майдончаи сафороӣ ва шаҳраки қаровулии мактабамон ҳоли табоҳ дошт. Шукрона, ки имрӯз ҳамвор карда шуда, ба ҷояш бинои нави замонавии чаҳорошёна барои 960 хонанда бунёд мешавад. Ин ободиҳо, пешравиҳо ҳама аз неъматҳои соҳибистиқлолист…»

-Муаллими беҳтарини шаҳр оид ба тайёрии ҳарбӣ, омӯзгоре, ки байни омӯзгорони макотиб, волидон, байни аҳли ҷомеа соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Бачаҳои гимназия ба ин омӯзгор муҳаббату самимияти хоса доранд, чун падар, чун бародар, ҳамчун дӯсту роздон…Қадр кардани меҳнату заҳмататон, дӯстдории толибилмон шуморо ба дараҷаи баланди комёбиву сарбаландиҳо расонид. Шумо ифтихори гимназия ҳастед -мегӯянд дар ҳаққи ин омӯзгор волидон, ҳамкасбон, дӯстонаш…

 Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh