Маросими супоридани Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

3 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дастовардҳои беназир озру намуд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ неъмат ва дастоварди бузургтарин мебошад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории навини миллӣ асос гузошт, мардуми шарифи кишварамонро муттаҳиду сарҷамъ сохта, ба барқарор шудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи қавӣ гузошт. 

Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт насиби шоир ва номзади илмҳои суханшиносӣ Баҳром Мирсаид ва шоир ва номзади илмҳои суханшиносӣ Баҳром Раҳматов, дар бахши санъат насиби мусаввир ва наққош Шарифҷон Сангинов ва мусаввир Камол Тошматов гардид.

Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши илмро профессор Набиҷон Раҳимов, профессор Абдулаҳад Қодиров ва дотсент Аҳмадҷон Домуллоҷонов соҳиб гардиданд.

Раиси вилоят барандагони ҷоизаҳои вилоятиро самимона табрик намуда, барои фатҳи қуллаҳои нави илм барору комёбиҳо таманно кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh