Ифтитоҳи синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара
- Details
- Published on Sunday, 01 September 2024 13:41
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и деҳоти Чоркӯҳ боздид намуд.
Раиси вилоят бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ суҳбат карда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирандешиҳо ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки ҳамасола дар саросари кишвар садҳо иншооти соҳаи маориф сохта шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Маълумот дода шуд, ки аз ҷониби шарикони рушд дар назди муассисаи таълимӣ се синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ бунёд гардид, ки дар онҳо хонандагон касбу ҳунарро азхуд менамоянд.
Дар идома ба ба 50 нафар хонандагони муассисаи таълимӣ аз оилаҳои камбизоат ва ятимон либосҳои мактабӣ ва инчунин ба 5 нафар собиқадорони соҳаи маориф ва 1 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар 89 муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми шаҳри Исфара 2855 нафар устодону омӯзгорон ба 43 ҳазору 475 нафар хонандагон таълим медиҳанд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Меҳрӣ Бобоева ва Убайдулло Абдуллохуҷаев хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд