Исфара. Ба хонандагон либосҳои мактабӣ супорида шуд
- Details
- Published on Sunday, 01 September 2024 13:36
31 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара ба 150 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ тӯҳфа намуд.
Раиси вилоят зимни тақдими тӯҳфаҳо ба фарзандони оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, ғолибони озмунҳои гуногун иброз дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздик 10 ҳазор нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимону бепарасторон либосҳои мактабӣ супорида шуд.
Раиси вилоят фарорасии соли нави хонишро ба хонандагон табрик гуфта, аз онҳо даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, забонҳои хориҷиро хуб азхуд кунанд.
Сипас, роҳбари вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳр боздид намуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Исфара, ки тӯли 92 сол инҷониб фаъолият дорад, барои соли хониши 2024-2025 ба пуррагӣ омода шудааст.
Синфхонаҳо, толорҳои варзишӣ, ошхонаи наздимактабӣ ва дигар биноҳои ёрирасони муассиса пурра таъмир шудааст.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муассисаи мазкур маҷмуи мизу курсиҳо тӯҳфа карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд