Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ ба муносибати Рӯзи дониш
- Details
- Published on Sunday, 01 September 2024 12:08
1 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омада, устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифатро бо Рӯзи дониш табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки таҷлил намудани Рўзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавият гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла омўзгорону устодон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоию фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини кишвари мо дар тўли 33 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини худшиносию худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстию ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки омўзгори асил меъмори ҷомеаи мо буда, тафаккури насли ояндаро ташаккул медиҳад ва дар дили ў меҳру муҳаббати илму донишро ба вуҷуд оварда, камолоти зеҳнии ҷавонону наврасонро тақвият мебахшад.
Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳи омўзгор пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Тазаккур дода шуд, ки саҳми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар омодасозии кадрҳои баландихтисос назаррас аст. Ба донишҷўён 901 нафар устодон, аз ҷумла 48 нафар доктори илм, профессор, 434 нафар номзади илм, дотсент, 419 нафар сармуаллим ва муаллим дарс медиҳанд, ки 52,7%-и теъдоди умумии омўзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Айни замон, дар донишгоҳ аз рўи 18 ихтисос 7 Шурои диссертатсионӣ фаъолият мебарад, ки ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ саҳми назаррас дорад.
Раиси вилоят оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро, ки дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихи миллатамон 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ба тамоми устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон самимона табрик намуд.
Боиси таъкид аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат имрӯз дар қаламрави вилоят 952 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 21 литсейи касбии техникӣ фаъолият бурда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд.
Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 59 000 нафар бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд