Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи дониш

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад ва ҳамчунин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти кишвари азизамонро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.

Дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд: "Дарси сулҳ ба маънои дигар, дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад".

Боиси таъкид аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат имрӯз дар қаламрави вилоят 952 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 21 литсейи касбии техникӣ фаъолият бурда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва рушди илм нақши муассир мегузоранд.

Амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафту рушди маориф, сохта ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти устодон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 иншоот бо 1720 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 синфхона бо 800 ҷойи нишаст, 2 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ ва 5 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 920 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", "Илм-фурӯғи маърифат" марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти ҷавонону наврасон боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза мебахшад. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон бештар тақвият ёбад.

Мо аз таваҷҷуҳи беандоза ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо бояд боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намоем ва дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем.

Бори дигар, оғози соли нави таҳсил, Рӯзи донишро, ки дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихи миллатамон 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ба ҳамаи Шумо, устодону шогирдони азиз самимона табрик гуфта, бароятон солмию саодатмандӣ, таҳсили аъло, сарбаландӣ ва пирӯзиҳо таманно дорам.

 

Add comment


Security code
Refresh