Мастчоҳ. Аз номи Пешвои миллат ба 100 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ супорида шуд
- Details
- Published on Friday, 30 August 2024 17:58
Дар арафаи соли нави таҳсил бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наздик 10 000 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимон бо либосҳои таъмин карда мешаванд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, тақдими либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш дар саросари вилоят идома дорад.
30 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ба 100 нафар мактабиён аз оилаҳои камбизоат ва ятимон либосҳои мактабӣ супорид.
Барои хурдсолон ҳамзамон дастархони идона ороста шуд ва роҳбари вилоят фарорасии Рӯзи донишро ба онҳо табрик намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз рушди соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, илова намуд, ки маоши кормандони соҳа низ марҳила ба марҳила зиёд гардида истодааст.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мунтазам қишри ниёзманди ҷомеаро ба ғамхорӣ фаро гирифта, ниёзмандонро дастгирӣ менамояд.
Раиси вилоят аз хонандагон даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, забонҳои хориҷиро хуб азхуд кунанд. Дар оянда пайдо намудани роҳи дурусти зиндагӣ маҳз аз таҳсилу ҳунаромӯзии даврони мактабӣ вобаста буда, наврасон бояд аз шароити мусоид пурсамар истифода намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ ба беш аз 300 хонанда чунин туҳфаҳо супорида шуда, ин раванд идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 48 муассисаи таълимӣ фаъолияти босамар дошта, зиёда аз 29 ҳазор хонанда дар онҳо таҳсил доранд, ки ба онхо 1782 нафар омузгорон сабақ меомӯзанд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф хабар гирифт. Зимни дидорбинӣ бо Раъно Шарифова қайд карда шуд, ки мавсуф 57 сол ба хонандагон дарс дода, имрӯз ба сини 80 расидааст.
Мирзорауф Раҳимов бошад беш аз 40 сол дар соҳаи маориф фаъолият бурдааст.
Раиси вилоят ба собиқадорон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои пуливу моддӣ тақдим намуд.
Собиқадорон дар навбати худ барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориву пуштибониҳои доимӣ изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд