Спитамен. Ба фарзандони оилаҳои ниёзманд аз номи Пешвои миллат либосҳои мактабӣ супорида шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба 100 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд ва хурдсолоне, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш супорид.

Мактабиён аз оилаҳои ниёзманд аз ин иқдом хеле хушнуд гардиданд, зеро онҳо бори дигар эҳсос намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷгоҳ қишри ниёзманди ҷомеаро дар канор намегузорад.

Раиси вилоят аснои суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд.

Тазаккур дода шуд, ки наврасон бояд аз имкониятҳое, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои таълиму тарбия фароҳам оварда шуд, самаранок истифода баранд. Зеро дар замони муосир инсонҳои таҳсилкарда ва донандаи забонҳои хориҷӣ муваффақ мешаванд.

Аз кормандони соҳаи маориф даъват карда шуд, ки наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои миллату давлат ҷавонони донишманду номбардорро омода намоянд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли чанде аз собиқадорони соҳаи маориф хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh