Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз номи Пешвои миллат ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ супорида шуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карда, ба 100 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятимон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тӯҳфа намуд.

Дар сӯҳбат бо наврасон роҳбари вилоят қайд кард, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам кӯмак расонида мешавад. 

Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими туҳфаҳо аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ва ятимону ниёзмандон ёдовар гардида, ба масъулин барои мунтазам расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон дастур дод.

Ҳамчунин, ба хонандагони болаёқати ноҳия, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мактаббачагон изҳори сипосу минннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. 

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 42 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 литсей барои хонандагони болаёқат ва 1 гимназия фаъолияти босамар дошта, дар онҳо зиёда 30 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, воқеъ дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона шинос гардид.

Сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, соҳибкорон ва сокинони деҳа моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида буд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонидани шуда, иншоот дар арафаи ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Бинои иловагӣ аз дуошёна иборат аст ва дорои 12 синфхона буда, барои зиёда аз 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят аснои боздид ба масъулин ҷиҳати пурра омода намудани бино ва муҷаҳҳазсозии он бо лавозимоти хониш супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh