Таъсиси ихтисосҳои нав
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2024 10:58
Директори Донишкадаииқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдурашид Ҷалилзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2024 Донишкадаро 760 нафар, дар шуъбаи рӯзона – 338 нафар; дар шуъбаи омӯзиши фосилавӣ – 384 нафар; дар зинаи магистратура – 38 нафар; бо дипломи аъло – 50 нафар хатм кард, ки аксарият бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
- Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Теъдоди умумии муҳассилин ба 3511 нафар баробар буда, аз онҳо 1930 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр, 1508 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, 66 нафар дар зинаи магистратура, дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос PhD 7 нафар таҳсил доранд, - иттилоъ дод Абдурашид Ҷалилзода.
Гуфта шуд, ки Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯи 28 ихтисос, магистратура аз рӯи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рӯи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯи 5 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.
- Дар назар аст, ки дар Донишкада 5 ихтисоси нав, ки ба он довталабон таваҷҷуҳи бештар доранд, таъсис меёбад. Ҳамзамон, дар 3 парки технологӣ, ки дар ин даргоҳи илм амал мекунад, донишҷӯён имкони омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагиву буррандагӣ ва малакаҳои барномсозиро доранд.
- Мо талош дорем, ки донишҷӯён дар раванди таҳсил ба истеҳсолот пайваст шуда, ба фурӯш баровардани идеяву малакаҳои омӯхтаашонро таҷриба кунанд, - илова кард директор.
Инчунин, зикр гардид, ки дар Донишкада се китобхона: анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, озмоишгоҳҳои бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ адад утоқи лингофонӣ мавҷуд аст.
Тавре иттилоъ доданд, Донишкада бо зиёда аз 290 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад.
Ин имкон фароҳам меорад, ки сифати таҳсил беҳтар аз пештар гардида, табодули таҷриба афзуда, имкониятҳои бештар пайдо шавад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”