Талабот ба хатмкунандагони баландихтисос меафзояд

‐ Дар чор факултети ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ ‐ иқтисодӣ аз рӯйи 27 ихтисос, дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос, дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос, дар зинаи докторантура аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад, ‐ гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода.

Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки дар донишкада 3177 нафар донишҷӯву магистрант ва докторантон, аз ҷумла 2807 нафар дар шуъбаи рӯзона, 311 нафар тариқи фосилавӣ, 48 нафар дар магистратура ва 11 нафар докторант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Миқдори донишҷӯён дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 384 нафар кам шудааст. Ҳамчунин дар донишкада 2 нафар ятими кулл таҳсил доранд, ки онҳо аз маблағи таҳсил ба пуррагӣ озод ҳастанд.

Доир ба таҳсили шаҳравандони хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки 4 нафар донишҷӯ тариқи бурсияи таҳсилӣ аз Ҷумҳурии Афғонистон, як нафар аз Федератсияи Россия ва як нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил доранд. Ба донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 160 нафар омӯзгор дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта 47,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо муайян шудааст, мувофиқат мекунад.

Бино ба иттилои масъулин дар соли 2023 ҷиҳати дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкат аз ҷумла ширкати сохтмонии “Тиниал”, “Кедр”, “Суғдшаҳрофар”, “Равзана пласт”, “Еврострой”, коргоҳҳои истеҳсолии “Дӯсти Амирхон”, “САТН”, “Фаровон”, “Файзи Расул”, “Зерновая компания”, “Ҷавонӣ”, “Роҳи абрешим”, “Яхмоси 33”, ҷамъияти саҳомии “Сорбон”, “Барқи тоҷик”, “НБО Қайроққум”, бонкҳои “Эсхата”, “Матин”, “Имон ‐ интернешнл”, “Арванд”, “Спитаменбонк” ширкат намуда, беш аз 120 хатмкунандаро ба кор ҷалб намудаанд.

Шаҳриёр Саъдуллозода қайд кард, ки донишкада дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони роҳу нақлиёт, барқ, телекоммуникатсия, сохтмон, меъморӣ, барномарезӣ, иқтисодиёт, молия, технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология мутахассисонро омода мекунад.

Сипас, аз тарафи рӯзноманигорон доир ба раванди таълиму тарбия дар донишкада, аз ҷумла таъсиси ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷа ба таҳсил, пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ, фаъолияти хобгоҳу парки технологӣ, таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, дастгирии ятимони кулл ва ашхсои маъюбиятдошта ва ғайра суол пешниҳод намуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh