47 созишномаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ
- Details
- Published on Monday, 19 February 2024 13:43
-Муссалам аст, ки самти фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба соҳаи саноат вобастагии зиёд дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт мушкилӣ низ дорад. Аз омӯзгорон низ дар ин ҷода заҳмати дучанд талаб мешавад. Роҳбарият ва масъулини донишкада дар самти саноати кӯҳкориву геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ фаъолият намуда, донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил мекунанд,- иброз дошт директори донишкадаи болозикр Маҳмадалӣ Бахтиёр дар нишасти матбуотӣ бо кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят.
Маврид ба таъкид аст, ки донишкадаи мазкур аз рӯзи аввали таъсисаш, ки ба соли 2006 рост меояд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши бориз дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло 2652 нафар донишҷӯ тариқи рӯзонаю ғоибона таҳсил менамонад. Ҳамчунин, дар донишкада 244 нафар кору фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 156 нафарашон омӯзгорони унвондору тахассусманд мебошанд. Дар ин раванд қобили зикр аст, ки устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, то ба имрӯз сазовори даҳҳо ҷойи намоён гардидаанд. Шӯҳратҷон Кенҷаев, Меҳваршоҳ Пиримзода, Раҳимзода Кӯҳзодро метавон мисол овард.
Роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки ба омӯзгороне, ки унвони номзади илмро соҳиб мегарданд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба докторони илм 20 ҳазор сомонӣ маблағ мукофотпулӣ диҳад.
Директори донишкада гуфт, ки то имрӯз бо 47 муассисаи илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Давоми сол пайваста бо донишҷӯён вохӯриву семинарҳо ва машварат- ҷаласаҳоро ба роҳ мондаем, ки барои тарбия ва андешаи онҳо таъсири бузург дорад.
- Тибқи дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши ректори донишкада хатмкунандагони шакли таҳсили буҷетии соли хониши 2022-2023 бо пуррагӣ бо роҳхатҳо таъмин карда шуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ба корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сафарбар шуданд,- илова кард мавсуф.
Соли гузашта Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 283 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона ва 347 нафар фосилавӣ хатм намуданд, ки аз инҳо 99 донишҷӯ тариқи ройгон таҳсил намуданд. Ҳамзамон 11 нафар шарафёби дипломи аъло (сурх) гардиданд.
Дар интиҳо рӯзноманигорон ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”