АЗ МАОРИФ МЕШАВАД РАВШАН ЧАРОҒИ ЗИНДАГӢ
- Details
- Published on Friday, 27 January 2023 09:55
Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб ёфта, бунёди миллати мутамаддин аз ин соҳаи ҳаётан муҳим сарчашма мегирад. Таваҷҷуҳи беандозаи давлату Ҳукумат низ ба рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон нигаронида шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Мусаллам аст, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии қавӣ дошта, мақсад аз амалӣ намудани тадбирҳо дар самти илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Хушбахтона, имрӯз соҳаи маорифи кишвар, алалхусус дар қаламрави вилоят ба пешрафту тараққиёте рӯ овардаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Иқдомоти наҷибона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди иншооти марбут ба соҳа, эътибори ҷиддӣ додан барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ бошад, заминагузори пешрафти маориф хоҳад буд.
Мусоҳибаи мо бо сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа сурат гирифт, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сершумори рӯзнома мегардонем.
‐Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд. Пойдевори нахустинро низ баъд аз падару модарон тарбиятгарону таълимдиҳандагон мегузоранд. Фикри шумо дар ин хусус?
‐Дар деҳоти Сирдарёи шаҳри Гулистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои кӯдакистони № 22 барои 150 кӯдак, ба истифода додани Маркази таҳсилоти иловагӣ барои 200 хонанда, бунёди кӯдакистони хусусии “Бунёд” барои 80 кӯдак дар ноҳияи Ашт, сохта ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” барои 120 кӯдак дар шаҳри Исфара ва кӯдакистони хусусии “Маърифатпарвар” барои 380 нафар дар шаҳри Панҷакент, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи томактабии № 10, “Зангӯла” барои 120 кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, кӯдакистонҳои хусусии «Моҳтобак»‐и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, «Нур»‐и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, «Зарзамин», «Дӯстрӯяк» ва «Амина» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода дода шудаанд, дар ҳақиқат барои тарбияю бакамолрасии насли ояндасози миллат – кӯдакону наврасон саҳми муносиб мегузоранд.
Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд. Шабзинадории модарон, кӯшишу ғайрати падарон, заҳмату талоши омӯзгорону мураббиён баҳри чун вориси арзанда ба камол расидани насли наврас беҳудуд аст. Ифтитоҳи ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки алҳол макони фароғатию тарбиявии садҳо кӯдак гаштааст, дар ҳақиқат барои ташнагони илму дониш ва маърифатҷӯ дари бахту саодатро кушод. Зеро дар замони пешрафти тараққиёти илму техника ба истифода додани чунин таълимгоҳҳои замонавии дорои таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки мураббиён аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои тарбияи насли наврас ҳамаҷиҳата кӯшиш намоянд. Имрӯз дар 278 муассисаи таҳсилоти томактабие, ки дар ҳудуди вилоят амал менамоянд, 44 ҳазору 713 кӯдак аз таълиму тарбия ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат бархурдоранд. Дар ин замина, дар марказҳои инкишофи кӯдак 701 гурӯҳ бо фарогирии 15162 кӯдаки шашсола амал мекунанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди вилоят 14 муассисаи таълимии типи мактаб‐интернат, аз ҷумла 3 мактаб‐интернат барои кӯдакони ятим, бепарастор ва аз оилаи камбизоат, 5 мактабинтернати махсус барои кӯдакони ношунаво ва гунг, ақлан носолим бо бемории нишонаи силдошта, қувваи босираашон суст ва нобино, 5 интернати наздимактабӣ ва як Хонаи кӯдакон фаъолият дошта, тарбиятгирандагони он аз имконияту имтиёзҳои даврони соҳибистиқлолӣ бархурдоранд.
‐Ҳарчанд дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ омӯзгорон фаъолият доранду машғулиятҳо мунтазам баргузор мегарданд, аммо бархе аз муассисаҳо ба омӯзгорони соҳибтахассус эҳтиёҷ доранд. Ҳамин тавр не?
‐Алҳол шумораи нафароне, ки дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба фаъолият машғуланд, дар вилоят ба 37 ҳазору 662 нафар мерасад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мутахассисони ҷавони хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорони аз кор рафта ва нафақахӯрони қобили фаъолияти омӯзгориро ба рӯйхат гирифтанд. Мувофиқи ахбори шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба санаи 31‐уми декабри соли 2022 маълум гашт, ки дар соли таҳсили 20222023 барои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 24 нафар омӯзгор намерасанд.
Мувофиқи тақсимоти мутахассисони ҷавони хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шудаанд, аз 1138 мутахассис танҳо 800 нафар бо ҷои кор ҳозир шудаанду халос. Аз миқдори умумии мутахассисони ҷавони ба кор роҳхатгирифта 221 нафар бо сабабҳои муайян, аз ҷумла 26 нафар маблағи таҳсилро баргардониданд, 13 нафар дипломи аъло гирифтанд, 31 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, 6 нафар ба дигар мактабҳои шаҳру навоҳӣ рафтанд, 11 нафар ба дигар соҳа гузаштанд, 14 нафар ҷойи зистро иваз намуданд, 84 нафар ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, 8 нафар дар магистратура таҳсилро идома доданд, 23 нафар муассисаи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбиро хатм накарданд ва 5 нафар таҳсилро идома доданд. Ҳамчунин 117 нафар бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. Барои ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон Раёсати маорифи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин раванд рӯйхати 65 нафар хоҳишмандро барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки алҳол ҳамаи онҳо қарзҳои имтиёзноки худро гирифта, рӯйхати 72 нафари дигар барои оянда дар навбат аст.
‐Самараи фаъолияти пурсамари омӯзгорон аст, ки дар озмуну олимпиадаҳо мактабиёни вилоят ба муваффақиятҳо ноил мегарданд. Дар ин бора чӣ андеша доред?
‐Дар назди Раёсати маорифи вилоят Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфтааст. Ҳамчунин дар назди 18 шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят чунин марказҳо фаъолият дошта, дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят 11 маҳфил аз фанҳои математика, химия, физика, биология амал дорад. Дар соли таҳсили 2023‐юм 132 хонандаи болаёқати шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Бӯстон ва Ҷаббор Расулов ройгон ҷалб гардидаанд. Дар умум дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсат ва шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо 161 маҳфили фаннӣ бо ҷалби 1954 хонандаи болаёқат фаъолият доранд. Роҳбарони маҳфилҳо аз ҳисоби омӯзгорони пешқадаму навовар ва ботаҷриба интихоб шуда, бо шогирдон машғулият мегузаронанд. Соли таҳсили 2021‐2022 бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даври муассисавӣ, минтақавӣ, шаҳрию вилоятӣ олимпиада баргузор гардид.
Тибқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ – риёзӣ ва ҷамъиятӣ – гуманитарӣ баргузор гардид, ки дар он аз 13 фанни таълимӣ 296 хонандағолибони даври вилоятӣ иштирок намуда, ба гирифтани 131 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд, ки аксар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Мастчоҳ буданд. Ҳамзамон 19 хонанда барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11, олимпиадаи даставӣ (синфҳои 9‐10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (синфҳои 5‐6 ва 7‐8) 1372 хонанда иштирок дошта, 672 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.
Ҳамчунин 4945 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Британияи Кабир, Италия, Хитой, Олмон ва Федератсияи Русия иштирок ва 972 нафар ғолиб омаданд, ки боиси сарфарозии маорифчиён аст. Агар дар 13‐умин олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” 34 нафар хонанда аз фанҳои математика, забони англисӣ, география, биология, таърихи ҷаҳон, физика, химия, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ иштирок ва 29 нафар ғолибият ба даст оварда бошанд, хонандаи синфи 9‐уми Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони боаёқат” дар шаҳри Хуҷанд Шукрона Охунова дар чорумин олимпиадаи байналмилалии наврасон «Лаборатория подготовки талантов» дар он иштирок ва сазовори мақоми саввум гардид.
Бояд зикр дошт, ки олимпиада аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки намояндагони 18 давлати ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Хонандаи синфи 9‐уми Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд Охунова Шукрона санаҳои 6 ‐11уми декабри соли 2021 дар 4‐умин олимпиадаи байналмилалии наврасон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Олимпиада аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки намояндагони 18 давлати ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ бошад, байни 27 давлати дунё 13 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят ҷойҳои ифтихориро ноил гардиданд.
Боиси хурсандист, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии «HIPPO» аз фанни забони англисӣ, «KANGROO» дар Фаронса аз фанни математика, «FISO» дар Амрико аз фанҳои математика ва забони англисӣ, «AMC‐2022” дар Чин, «ISI Junior‐2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ ва «Istеm‐2022», ки Олмон баргузор гардид, иштирок ва ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Ҳамаи хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки ғолибони даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошанд, бо мукофотпулии яквақта ҳамчунин 120 нафар хонанда бо роҳхати ройгон ба истироҳатгоҳи “20‐солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва 108 омӯзгор бо роҳхат ба осоиштгоҳи “Зумрад” табобату истироҳат доштанд.
‐Дар мавриди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ гуфтаниҳо доред?
‐Бо мақсади амалисозии нақшаи чорабиниҳо доир ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 ‐2040” ва дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ба тасвиб расид. Вобаста ба ин дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва омӯзгорону дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд. Агар ба даври вилоятии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” 578 хонанда, 29 омӯзгор ва 168 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок карда бошанд, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 75 нафар ғолибони даври вилоятӣ, аз ҷумла 35 нафар хонанда, 35 нафар донишҷӯ, 2 нафар магистр ва 3 нафар омӯзгор роҳхатгирандагони озмун маҳсуб меёфтанд. Фарҷоми озмун барои иштирокдорони он бомуваффақият буд. Аз 73 нафар иштирокчӣ 18 нафар, аз ҷумла 3 нафар сазовори ҷойи якум, 6 нафар сазовори мақоми дуюм ва 9 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуда, 13 нафари дигар мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ соҳиби 9 ҷой, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бошанд, 8 нафар, аз ҷумла 1 нафар сазовори ҷойи якум, 2 нафар сазовори ҷои дуюм ва 5 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Боиси хушнудист, ки теъдоди иштирокчиён ва ғолибони озмунҳо сол то сол афзун гардида, таваҷҷуҳи ҳамагон ба омӯзишу нишон додани маҳорати худ бештар мегардад.
Дар ин замина, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвариву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли чаҳорум аст, ки намояндагони маорифи вилоят маҳорати худро нишон доданд. Дар даври аввали озмуни мазкур 38523 нафар, дар даври дуюм 7099 нафар, даври вилоятӣ 825 нафар ва ба даври ҷумҳуриявӣ 91 довталаб ширкат варзида, дар даври ниҳоӣ 7 нафар сазовори ҷойи якум, 13 нафар сазовори ҷойи дуюм, 8 нафар сазовори ҷои сеюм шуданд. 24 нафари дигар низ мақоми ифтихориро дар озмуни ҷумҳуриявии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ишғол карда, фахри ҳамагон гардиданд.
‐Албатта, барои баланд бардоштани савияи дониши ҳар хонанда мавҷудияти шароити таҳсил нақши муҳим дорад. Дар ин замина бунёди иншооти марбут ба соҳа ва биноҳои иловагӣ дар мадди назари шумост. Ҳамин тавр не?
‐Дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар қаламрави вилоят сохтмони биноҳои мактаб, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 дар Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар шаҳри Исфара, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии «Мактаби байналмилалии Контакт», бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, 15, 52‐юми шаҳри Конибодом, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар шаҳри Истаравшан, бинои кўдакистони №18 ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар ноҳияи Деваштич гувоҳи гуфтаҳои болоианд. Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар назди 35 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Айни ҳол ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.
‐Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Шоира КАРИМЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”