ИФТИХОР АЗ КАСБИ ПУРШАРАФ

Муаллим, пеш аз ҳама афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар, ин вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

Муаллим, омӯзгор, устод аз ҷумлаи нафаронест, ки насли наврасро ба дунёи омӯзиш, ба ҷаҳони идроку фаҳмиш, ба роҳи некию накӯкорӣ, эҷодкорӣ ва дӯстию рафоқат ворид месозад. Муаллим равшанибахшанда, фурӯзонкунандаи роҳи толибилм аст.

Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки шарафмандтарин, бузургтарин ва маҳбубтаринпеша омӯзгориро дар назди ҷомеа адо менамояд. Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқ ба ҳисоб мераванд. Яке аз омӯзгорони беҳтарини ноҳияи Шаҳристон Нуралӣ Хоҷаев мебошад, ки кору пайкораш қобили таҳсин аст. Нуралӣ Хоҷаев 30‐юми июни соли 1973 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1990 мактаби миёнаро хатм намуда, бо мақсади идома додани таҳсили худ хуҷҷатҳояшро ба факултети филологии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М.Киров супорид.

Ба донишгоҳ дохил шуда, соли 1995 бомуваффақият хатм намуд. Оғози фаъолияти педагогии худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3, деҳаи Навкент (Янгиқӯрғон) ҳамчун омӯзгор оғоз намуд. Малакаву маҳорати баланди педагогӣ, таҷрибаи касбиаш буд, ки соли 2007 ӯро дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон ба ҳайси мушовири забон ва адабиёти ӯзбек таъин мекунанд. Дар ин ҷода низ камоли кордониро собит сохт, ки воқеан ҳам дилбохтаи касби омӯзгорӣ асту таълиму тарбияи насли ҷавонро дар рӯҳияи худогоҳиву ватанпарварӣ вазифаи ҷонии худ меҳисобад. Аз ин хотир, ӯро соли 2012 директори муассисаи № 7 таъин карданд.

Давоми фаъолияти педагогӣ бо якчанд ифтихорномаҳо сарфароз шудааст. Ғолиби озмуни ”Роҳбари синфи беҳтарин” дар миқёси ноҳия буда, дар ин намуди озмун дар вилоят низ ҷои сазоворро ишғол карда, бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ шудааст. Муаллим доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.

Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

Умматалӣ ХОҶАЕВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh