ДОНАНДАИ АСРОРИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

Нигорандаи китоби дарсии «Муодилаҳои дифференсиалӣ» доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳои экология ва бехатарии фаъолияти инсон, профессори кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии техникии Вологдаи Федератсияи Россия Акбар Нозимов мебошад. Он дастури хубест барои донишҷӯёни ихтисосҳои математика, математикаи амалӣ, физика, радиофизика ва электроника, МЭҲ, шабакаҳо ва системаҳо. Шояд он ягона китоби дарсӣ ва рӯимизии донишҷӯёни мактабҳои олӣ бошад, ки собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯи чоп овардааст. Борҳо мехостам, бо ин нафари дилогоҳ ва донандаи калиди фанҳо ҳамсуҳбат шавам. Хушбахтона, боре устод Саидамин Ҷило ба идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ҳамроҳи нафаре ташриф овард ва ӯро Акбар Нозимов муаррифӣ намуд. Суҳбати мо бо меҳмон дар атрофи масъалаҳои гуногун сурат гирифт. Тақдими бастаи китобҳо ба китобхонаи рӯзнома бошад, муҳаббати аҳли эҷодро ба ин инсони шариф афзуд.

- Шуморо ба зодгоҳатон Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам мегӯем. Шаҳри бостониро имрӯз чӣ гуна дарёфтед?

- Наздик тӯли бист соле, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият дорам, ягон лаҳза ҳам аз ёди Ватан ва мардуми меҳнатқарини Тоҷикистони азизам дур нашудаам. Тақозои тақдир имрӯз ҳамчун профессори кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Вологдаи Федератсияи Россия шинохта шуда, ба шогирдон дарси математика меомӯзонам. Ҳамасола айёми таътил ба шаҳри Хуҷанд меоям, аз ҳавои софи кишвари биҳиштосоям нафас мекашаму аз лаззати обҳои зулоли чашмаҳои шӯхаш баҳравар мешавам. Имрӯз ҳарчанд шаҳри Вологдаро манзили истиқоматии муваққатӣ ихтиёр кардаам, аммо мамлакати нурборону офтобиамро ба ҳеҷ як гӯшаи зеботарини дунё иваз нахоҳам кард. Соли 1971 ба факултаи механикаю математикаи Университети давлатии ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, факултаи механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ро хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ дар Институти математикаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз намуда, сипас дар кафедраи таҳлили математикии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ба ҳайси дотсент, баъдан декани факултаи математика ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ фаъолият доштам.

- Сабаби бадал кардани ҷойи кориатон аз устодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси устоди мактаби олии шаҳри Вологда дар чист?

- Ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ – мудири кафедраи муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳимояи рисолаи докторӣ аҳд бастам. Мавзӯи рисола низ интихоб гардида, масъалаҳои ғайрикорректиро бозгӯ мекард, аммо корбарии он доираи васею фарохеро бояд дар бар мегирифт. Ончунон побанду вобастаи ин мавзӯъ гашта будам, ки доираи илмии мамлакат бароям тангӣ мекард. Бо маслиҳати устодони донишгоҳ аз олимони Университети давлатии техникии шаҳри Вологда мадад хостам ва билохира, соли 2012‐ум рисолаи докториро дар Шӯрои УДМ ба номи Ломоносов ҳимоя намудам. Аз ҷониби дигар, меҳри сабақомӯзии шогирдони мактаби олӣ дар мамлакати хориҷа дар қалбам маъво гирифт ва инак, бист сол инҷониб ба сифати устоди ин макони маърифатӣ шинохта шудаам.

- Мусаллам аст, ки Шумо имрӯз ҳам бо устодони мактаби олии ватанӣ ҳамкор ҳастед?

- Бешубҳа. Дарозои фаъолияти кориам дар донишгоҳи хориҷа ҳамеша ҳамсуҳбату ҳамнишини устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будам ва ҳастам. Зиёда аз ин, муаллифи беш аз 120 кори илмӣ, таълимию методӣ, панҷ китоби дарсӣ ва 15 дастури таълимӣ мебошам, ки қисме аз онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати дастури таълимии донишҷӯёни ихтисоси математика пазируфта шудааст. Математикаро шоҳи фанҳо номидани олимон бесабаб нест. Мақсади омӯзиши ин фан ба ташаккулу ривоҷ додани дониш, маҳорат ва малакаи кофӣ оид ба истифодаи усул‐ҳои он барои ҳалли кулли масъалаҳои дар ҳаёти иқтисодии ҷамъият мавҷудбуда нигаронида шудааст. Тавассути таълими ин фан ҷабҳаҳои зайли маърифат, ба мисли истифодаи донишу маҳорати малакаҳои математикӣ барои таҳлил, тамсилсозӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва дар ҳолати зарурати имрӯзаи гузариши иқтисоди бозоргонӣ, татбиқнамоии технологияи инноватсионӣ ташаккулу таъмин мегардад.

- Гуфтаниед, ки эълон шудани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба манфиати кор аст?

- Бале, ин иқдоми наҷиб, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, бешак, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас нақши муҳим хоҳад дошт. Ба ҳамагон маълум аст, ки таърихи ташаккулёбии ҷамъият бештар ба масъалаҳои математикӣ нигаронида шудааст. Бо роҳи математикӣ ҳал кардани масъалаҳои ҳаётӣ натиҷаҳои фаъолияти инсонро саҳеҳ ва содда менамуд. Баъдан эҳтиёҷоти инсон ба ҳисоб ва ҳалли саволҳои амалӣ ба пайдошавии фан ва илми математика, яъне риёзӣ овард. Омӯзиши ояндаи ин фан дар асоси қонуниятҳои дохилии он ва дар алоқа бо табиату ҷамъият ба тараққиёти математика сабаб шуд. Даврони кунуниро бе мавҷудияти илмҳои дақиқ ва риёзӣ тасаввур кардан инконнопазир аст. Рӯ овардан ба техникаву технологияи нав, фатҳи олами коинот, дастовардҳои навин дар ин соҳа тақозо мекунад, ки ин соҳаи ҳаётан муҳимро ҳамаҷиҳата омӯзем ва ба дастовардҳои навин мушарраф гардем. Хушбахтона, имрӯз насли навинро дар пояҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ мебинему бо шукргузорӣ аз Тоҷикистони соҳибистиқлол кору фаъолият дорем. Ба наздикӣ иштироки хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷандро ҷиҳати иштирок ва ба даст овардани ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ – табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон шунида, хеле хурсанд шудам. Бовар дорам, ки чунин дастовардҳои шогирдони тоҷик ҳамарӯза меафзояд.

- Ҳамроҳи устод Сайидамин Ҷило ташриф овардани Шумо моро хушнуд гардонд. Чӣ иртиботе байни шумоён ҳаст?

- Сайидамин Ҷилоро устоди нахустин ва беназири худ дар соҳаи касби интихобкардаам медонам. Зеро ҳанӯз даврони мактабхонӣ аз лаззати машғулиятҳои Сайидамин Ҷило, ки аз фанни физикаю математика дарс мегуфтанд, баҳра бардоштаам. Зиёда аз ин, дар инсонигарӣ устод бартарии хосе аз дигарон доранд. Ҳанӯз ҳам аз рӯи некгуфтаҳои устод «Ҳар кӣ бошӣ, одами арзанда бош» амал намуда, ба шогирдон дарси инсонигариву меҳанпарастӣ меомӯзонам. Сабақҳои Сайидамин Умаров дар машғулиятҳои факултативӣ дар мавзӯи фазилати нимноқилҳоро то ҳанӯз дар ёд дорам ва дар мавридҳои зарурӣ истифода мебарам. Алҳол мо се нафар донандаи асрори фанни математика ва як нафар мутахассиси хуби фанни физика аз Тоҷикистон ба донишҷӯёни мактаби олии шаҳри Вологда дарс мегӯем ва аз устоди худ Сайидамин Ҷило миннатдорем, ки шавқу завқи моро нисбат ба фанҳои дақиқ бедор кардаанд. Гуфтаниам, ки дирӯз худ шогирд будему аз устодон сабақ мегирифтем, имрӯз тарбиятгари шогирдони зиёдем.

Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Вологда асосан мутахассисони соҳаи энергетика, ҳифзи компютер, барномасозони пуртаҷриба, сохтмончиёни роҳро омода месозад, ки минбаъд метавонанд, дар фурудгоҳ, корхонаҳои коркарди оҳан, комбинати оҳан фаъолият дошта бошанд. Хушбахтона, ду шогирди банда дар олимпиадаҳои умумироссиягии байналхалқӣ сазовори мақоми баландтарин гардиданд.

- Равобити дӯстонаи ду кишварро чӣ гуна маънидод менамоед?

- Хушбахтона, имрӯз ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар мамлакатҳои хориҷа ба илму маърифат эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Теъдоди муайяни донишҷӯёнеро номбар кардан мумкин аст, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил доранду бо муваффақиятҳои беназири худ номи таҳсилкада ва кишварашонро баланд мебардоранд. Дар ин раванд мо, устодони донишгоҳ низ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба табъу нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методие машғул ҳастем, ки ба ҳарду кишвар мутобиқанд. Чанде пеш ҳамроҳи шогирдам Бахтиёр Шомирзоев китобе ба нашр расондем, ки бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад ва дастраси донишҷӯёни ҳар ду кишвар гардид. Китоб «Математика. Муодилаҳо ва системаҳои муодилаҳои хаттӣ бо коэффитссентҳои доимӣ» унвон дошта, дастури хубест барои омӯзандагони фанни риёзӣ. Ҳамчунин, ба ифтихори 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияи Шӯрои табъу нашри МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» китоби «Системаи муодилаҳои хаттии махсус ва татбиқи онҳо» бо ҳаммуалифии М.Муллоҷонов нашр ва ба дасти хонанда расид. Гуфтаниам, ки «шавқ агар роҳбар шавад», бегуфтугӯ ҳосили бисёр ба бор хоҳад овард. Илм баҳри беканор асту алҳол асрорҳои нокушода бисёранд. Танҳо аз болои як теорема оид ба ҳалли ягона доштани масъалаи ғайрикооректӣ 17 сол заҳмат кашидам ва аз ҷустуҷӯи худ қаноатманд ҳастам.

- Ба насли имрӯз чӣ гуфтание доред?

- Боре роҳбарияти кафедраи мактаби олӣ маро даъват карданд. Маълум шуд, ки донишҷӯе тариқи гузариш мехоҳад, дар факултаи дигар таҳсил намояд, аммо аз фанне, ки ман таълим медодам, баҳои ғайриқаноатбахш дошт. Машғулиятҳои иловагӣ ҳамагӣ чанд муддат давом карданд. Баҳои зарурӣ дар дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ сабт гардид. Азбаски донандаи хуби соҳаи компютеркунонӣ буд, худро дар яке аз фирмаҳои калонтарин номнавис карда, соҳиби ҷойи кор гардид, сафи мизоҷонаш рӯз аз рӯз афзуд. Дар муддати кӯтоҳ соҳиби ҷойи кори хуб, маоши баланд ва хонаи истиқоматӣ шуд. Гуфтаниам, ки на ҳамеша дипломи мактаби олӣ донишҷӯро бо кор таъмин менамояд. Аз ҳама асосиаш доштани дониш аст. Ин гуна донишҷӯёнро на танҳо худи мактабҳои олӣ, балки тамоми коргоҳҳо низ талаб доранду бо ҷойи кор таъмин менамоянд.

Ба шогирдон ҳушдор доданиам: - Бештар китоб хонед, ҳар қадар дониши шумо зиёд шавад, ҳамон қадар чизҳои намедонистагиатон афзун хоҳад шуд. Ба мантиқи ин гуфтаҳо нафаре сарфаҳм хоҳад рафт, ки бо китобу китобхонӣ ва омӯзиш сарукор дорад.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Суҳбаторо

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh