ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН БА СОҲАИ САНОАТ

Устодону кормандони донишкада дар тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус аз рӯи 23 ихтисос мутахассисони соҳаи саноатро дар дохил ва хориҷи кишвар тарбия менамоянд. Дар давоми соли таҳсили 2021‐2022‐юм 496 нафар донишҷӯ зинаи бакалавр, 236 нафар ба тарзи буҷавӣ, 477 нафар ба тариқи шартномавӣ ва 2 нафар дар асоси квотаи Президентӣ донишкадаро хатм намуданд, зикр дошт дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадӣ Бахтиёр Набӣ.

Дар ин давра ҳамкориҳои ин маскани илм бо донишгоҳҳои Аврупо ва Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дуруст ба роҳ монда шуда, маъмурияти донишкада тавонистанд, бо 43 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷа наздик 250 вохӯриву суҳбатҳои судманд ба анҷом расонанд.

Толибилмони донишкада муаррифгари кишвари худ ба давлатҳои Норвегия, Белоруссия, Хитой ва Ӯзбекистон буда, ҳамкориро дар ин ҷода хуб ба роҳ мондаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи эълон шудани панҷсолаи «Солҳои рушди саноат» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони донишкада давра ба давра омода ва ба коргоҳҳои истеҳсолии кишвар роҳхат мегиранд. Айни ҳол 13 кафедраи донишкада дар назди заводу корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буда, ба системаи дугона, яъне дуалӣ пайвастанд. Донишҷӯён метавонанд, ба ин заводу фабрикаҳо рафта, таҷрибаомӯзӣ намоянд ва мутахассиси хуби соҳаи интихобкардаашон бошанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 65 нафар донишҷӯ, ки мактаби олиро дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил кардаанд, аз ҷониби корхонаҳои ҶМТКММ «Апрелевка»‐и шаҳри Гулистон, ҶСК «Ангишт»‐и шаҳри Исфара, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой»‐и шаҳри Гулистон, КФД «Суғдзаминсоз»‐и шаҳри Хуҷанд, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»‐и шаҳри Бӯстон, ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ дар ноҳияи Айнӣ, КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум»‐и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Моғиён»‐и шаҳри Панҷакент, ҶДММ «Заррин» ‐и ноҳияи Сангвор, ҶСК «Тоҷикэлектромонтаж»‐и шаҳри Душанбе, КФ «Шахтаи Фон Яғноб»‐и ноҳияи Айнӣ, ҶСП «Талко Голд»‐и ноҳияи Айнӣ, ҶДММ «Фархунда»‐и шаҳри Хуҷанд, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Ванҷ, Исфара, Дарвоз, Деваштич, Айнӣ, Панҷакент, Конибодом ва худи Донишкадаи кӯҳию мелаллургии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh