ТАЪСИСИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАК

Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир дар бораи фаъолияти донишгоҳ давоми нимсолаи аввали соли 2022 ба рӯзноманигорон гузориш дод.

он,аз ҷумла 19 нафар доктори илм, профессор, 146 нафар номзади илм, дотсент, 121 нафар муаллими калон, 66 нафар ассиссент фаъолият дошта, самти кори онҳо бештар ба тарбияи кадрҳои соҳибтахассус нигаронида шудааст.

- Имрӯз дар ҳашт факултаи донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат давоми панҷ соли охир 22 ихтисоси нав: идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика барои соли таҳсили 2021 – 2022 рост меояд. Дар ин раванд, дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани ихтисосҳои маркетинг дар комплекси агросаноатӣ, экологияи агросаноатӣ ва якчанд ихтисосҳои омӯзгорӣ ба монанди забони русӣ ва тарҷумонӣ, психология ва коргузорӣ ба нақша гирифта шудааст,иброз дошт Муъмин Шарифзода. Қайд гардид, ки раёсати донишгоҳ робитаҳои байналмилалиро бо мақсади таҳкими иқтидори илмию таълимӣ ба роҳ монда, то имрӯз бо 82 муассисаи илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст.

Дар доираи ҳамкориҳо бо маркази Конфутсий бошад, донишҷӯён бо омӯзиши забони хитоӣ низ машғул буда, баъди супоридани имтиҳони забони хитойӣ соҳиби сертификати байналхалқӣ гаштанд. Хушбахтона, дар муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи муҳим дошта, то имрӯз бо 15 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расидани шартномаи ҳамкорӣ ва фаъолияти бомароми факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд шаҳодати ин гуфтаҳост.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи ба имзо расонидани 82 шартнома бо муассисаҳои макотиби олӣ таъсиси факултети муштаракро бо Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд ба роҳ мондаанд. Боиси зикр аст, ки ду устоди донишгоҳ ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии Донишкадаи молиявии Тошканд аъзо буда, се устоди ин мактаби олӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва устодон машғулиятҳои лексионӣ мегузаранд.

Намояндагони васоити ахбори омма дар фарҷом ба ректори донишгоҳ ва масъулин ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкардагон, норасоии мутахассисон, имтиёз ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва камбизоатон, оғози сохтмони бинои истиқоматӣ барои 97 омӯзгор, қадршиносии омӯзгорону донишҷӯён ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh