Оғози корҳои сохтмонии бинои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бунёди бинои нави таълимӣ оғоз ёфт.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон сохтмони бинои нави таълими  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст. 

Бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и донишгоҳ сурат мегирад.  

Сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шудааст,ки дар умум барои ғунҷоиши 4000 нафар донишҷўён муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 м2 -ро дарбар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 м2  -ро фаро мегирад. Дарозии бино 16,40Х21,20 буда, баландии ошёнаи якум 4.40 м ва баландии ошёнаҳои дигар 3,30 метрро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сохтмонии бино 86320, 9 м2   буда, дар он 144 синфхона ҷой хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки дар бинои нави таълимии донишгоҳ 9 факултет ҷой гирифта, дар он 7 адад толори лексионӣ ва 2 маҷлисгоҳи хурд, 18 озмоишгоҳ сохта мешаванд. Барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ба нақша гирифта шудааст. 

Аз сабаби он ки сохтмони бино дар шафати бинои таълимии 3 ва дар ҳудуди маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр ба нақша гирифта шудааст, бунёди чанд иншооти дигар дар канори он пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар назар аст, ки варзишгоҳи муҳташаме, ки барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон фаъолият дорад, аз нав таҷдиду тармим гардида, илова бар он майдони умумии варзишӣ дар масоҳати 1500м2 бунёд мегардад.

Дар канори бинои таълимӣ ва майдончаи варзишӣ дар масоҳати 2854 м2 маҷлисгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.  Дар баробари бинои истиқоматӣ, ки соли 2006 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ва бо ҳузури Сарвари давлат мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта буд, дар масоҳати 510 м2  бинои нави истиқоматӣ барои устодону олимони донишгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Бунёди бинои таълимӣ, кўдакистон, толори маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ имконият медиҳад, ки воқеан дар ин мавзеъ дар канори ду бинои таълимии дигар як маҷмааи комили шаҳраки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона табдил дода шавад. Ин амр барои танзим ва таҷдиди раванди таълим дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд. 

Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh