ДОНИШУ ҚОБИЛИЯТ КАФОЛАТИ КОМЁБӢ

Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 138, аз 10‐уми феврали соли 2014 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки дар кишвар ҷараён дошта, натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст. Тӯли ин муддат Маркази миллии тестӣ тавонист боварии ҷомеаро нисбат ба фаъолияти худ ва раванду марҳалаҳои имтиҳонҳо афзун гардонида, шаффофияту адолатро дар ин ҷода таъмин намояд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарвариашро Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба уҳда дорад, фаъолияти худро дар асоси ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба роҳ мондааст. Дар нуқтаҳои наздики макони зисти довталаб марказҳои имтиҳонӣ таъсис ёфта, самти кори худро ҷиҳати ташкили системаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таъмини шаффофият дар имтиҳонҳо равона кардааст. Вазифаи кормандони марказ то баргузории ҷараёни имтиҳонсупорӣ аз он иборат буд, ки довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандонро бо низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ шинос намуда, тартиби интихоби бошууронаи касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, коркарди тестҳо, талаботу қоидаҳои муқаррарнамудаи имтиҳонсупориро бояд мефаҳмонданд ва хушбахтона, имрӯз довталабон аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон имтиҳон месупоранд.

Аз маълумоти оморӣ оид ба раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳони марказонидаи дохилшавии соли 2022 маълум мегардад, ки то санаи 30‐юми апрели соли 2022 юм 21773 довталаб, аз ҷумла 10139 писар, 11634 духтар, 45 маъюб, 37 ятими кулли бепарастор ва 888 довталаби нимятим номнавис гардидаанд, ки аз шумораи умумии бақайдгирифташудагон нисбат ба соли 2021‐ум 431 нафар каманд.

- Бояд қайд кард, ки хатмкардагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд (2566 нафар), Ашт (2131 нафар), Бобоҷон Ғафуров (4670 нафар), Исфара (2963 нафар), Деваштич (2453 нафар), Панҷакент (4012 нафар) ва Истаравшан (3726 нафар) аз қайд гузаштаанд. Азбаски теъдоди довталабони бақайдгирифташуда дар соли 2022 барои кластери 5‐ум нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд (8904 нафар) аст, марказ тасмим гирифт, ки раванди имтиҳонсупориро барои довталабони ин кластер ду рӯз идома бахшад,иброз дошт сардори бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ромиш Неъматов. Дар маркази имтиҳонсупории № 0201, ки макони ҷойгиршавиаш Гимназияи № 24‐уми шаҳри Хуҷанд аст, 309 довталаб дар рӯзи нахустини имтиҳонсупорӣ ҳозир шуданд.

Бояд гуфт, ки аз теъдоди 2574 нафараи довталаб 283 нафарашон довталабоне ҳастанд, ки баъди хатми синфи 9 – ум ҳуҷҷат супоридаанду алҳол дар ҷараёни имтиҳонсупорӣ иштирок доранд. Намояндаи ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Назаров мақсади асосии ташкил намудани маркази тестӣ ва имтиҳонсупории довталабонро дар таъмини адолат, шаффофият ва фаро гирифтани фарзандони мардум ба таълиму тарбияи баланд донист.

‐ Ҳар нафаре, ки дониши баланд дорад, бешубҳа, аз имтиҳон бомуваффақият мегузарад, соҳиби номи баланди донишҷӯӣ мегардад ва барои идомаи таҳсил дар макотиби олии касби интихобкардааш таҳсил менамояд, мутахассиси хуби соҳа шуда, дар тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқи кишвар хизмати софдилона менамояд. Дар маркази 0201‐ум 48 корманд: аз маъмурони калон ва имтиҳонӣ то кормандони тиббию муҳофизон, намояндагони ҷамъиятӣ, тозакорону посбон бо сарварии Шарифҷон Файзуллоев барои шаффоф гузаштани имтиҳонҳо заҳмати беандоза мекашанд. Бист дақиқа пеш аз оғоз маъмури имтиҳон дар ҳар синфхона барои довталабон дастурамали ҷараёни имтиҳонсупориро мушаххасан маънидод менамояд, ки ин амал барои имтиҳонсупорандагон хеле муҳим аст, гуфт Фахриддин Назаров.

кӯшиш доранд. Барои ин довталабон пеш аз воридшавӣ ба утоқи имтиҳонӣ изи ангуштонашонро дар таҷҳизоти махсус мегузоранд. Аз сурат ва маълумотномаи қаблан дар кабинети инфиродӣ ҷойгиршуда шахсияти довталаб муайян мегардад. Муҳлати имтиҳонсупорӣ барои ҳар довталаб вобаста ба субтестҳо аз 180 то 390 дақиқаро дар бар мегирад. Дар утоқи имтиҳонсупорӣ ҳар довталаб дар партаи алоҳида ҷой гирифта, соҳиби рақам аст. Штрих коди ин рақамро танҳо довталаб медонаду халос ва метавонад аз рӯи он ба кабинети инфиродиаш дохил шуда, натиҷаи имтиҳонро муайян намояд. Дар ҳамаи утоқҳои имтиҳонсупорӣ камераҳои назоратӣ гузошта шуда, барои мушоҳидаи раванди имтиҳон дар утоқи роҳбар ва ҳам толори интизории волидайн экранҳои тамошо гузошта шудааст. Падару модарон ва ё шахсони довталабро ҳамроҳикунанда низ метавонанд имтиҳонсупории фарзандону пайвандонашонро мушоҳида намоянд. Баъди ба анҷом расидани имтиҳон тамоми маводи довталабон тариқи санад дар КЭС ҷойгир карда шуда, ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона ва дар он аз санҷиши воситаҳои техникӣ мегузаранд, иброз дошт Ромиш Неъматов.

Бояд иброз дошт, ки даври асосии имтиҳонсупорӣ аз 1‐ум то 7‐уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳо, даври иловагӣ санаи 12‐уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои довталабон ҳатман бо худ доштани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, даъватнома, 2 ручкаи одии рангаш сиёҳ зарур аст. Ҳамчунин довталаб бо вуҷуди он ки дар болои ҳар парта оби нӯшокӣ гузошта шудааст, дар зарфи шаффоф оби нӯшокиро бо худ дошта бошад.

Ромиш Неъматов дар бораи ба даст овардани холи гузариши фаннӣ ва натиҷаи имтиҳонҳо ба озмуни тақсимот чунин гуфт:

- Вобаста ба навъи ихтисосҳо барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз рӯи ихтисосҳои муайяншуда имтиҳон супорад. Натиҷаи имтиҳонҳо ва озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ дар кабинети инфиродии довталаб ҷой дода шуда, дар ин бора ба рақами телефони мобилии довталаб паёмак фиристода мешавад. Натиҷаи имтиҳонҳо 20‐уми июл ва натиҷаи озмуни тақсимот 25‐уми июл эълон мегардад.

Ҳамчунин, маълумоти муфассал оид ба иштироки довталаб дар ИМД (нусхаи варақаи ҷавобҳо, хол ва балҳои бадастовардааш, натиҷаи озмуни тақсимот) дар кабинети инфиродии ӯ ҷой дода мешавад. Довталаб баъди итмоми мар‐ҳалаи иловагии бақайдгирӣ, инчунин дар озмуни тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии интихобҳояшро надорад. Довталаби аз озмуни тақсимот гузашта бояд то санаи 6‐уми август ба муассисаи таълимии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок довталаб вазифадор аст, ки сари вақт (яъне то 6‐уми август) дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ҷояш дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад ва ӯ ҷои худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад.

Албатта, донишу қобилият ва амали дурусти ҳар довталаб кафолати комёбии онҳо гашта, номнависшудагон баъд аз супоридани имтиҳонҳои марказии дохилшавӣ ва санҷида шудани натиҷаи он аз ҷониби кормандони марказ ва воситаҳои техникӣ холи гузаришро ба даст меоранд. Умед дорем, ки довталабон имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият месупоранд, бо сари баланд номи пуршарафи донишҷӯиро соҳиб мешаванд ва дар ҷодаи интихобкардаашон таҳсил карда, мутахассиси хуби соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шуда ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh