Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос гардид

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.

Бояд таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф идома дорад. Аснои сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 15 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №10 барои 150 нафар кўдак дар Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ сохта шуда, лоиҳаи иншоотро КДФ «Лоиҳакаш» омода намудааст. Иншоот ба тариқи ҳашар ва бо дастгирии мақомоти ижроияи ҳокимияти давалатии вилоят ва шаҳри Конибодом, инчунин сокинону соҳибкорони ҳудуди ҷамоат сохта шуда истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳои марти соли 2021 оғоз шуда, дар назар аст, ки соли равон ба анҷом расонида шавад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бошад аз 2 ошёна иборат аст ва барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони ин иншоот дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳр идома дошта,  он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, соҳибкори инфиродӣ Иброҳимов Анвар ва Раёсати маорифи вилояти Суғд бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонии иншоотро коргарони ҶДММ “Канд сохтмон”-и шаҳри Конибодом иҷро намуда истодаанд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 низ аз 2 ошёна иборат аст. Он барои 480 хонанда дар як баст ва дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бунёд шуда истодааст. Маблағгузори ин бинои нав Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад. Маблағи лоиҳавии бино 15 миллион сомонӣ аст ва корҳои сохтмониро ҶДММ “Барқарор” бар уҳда дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни вилоят иншооти наву замонавии соҳа бунёд карда мешавад. Сол ба сол шароити таълиму тарбия дар мактабу кӯдакистонҳо беҳтар шуда, бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону саховатмандон беҳтарин шароит муҳайё гардида истодааст.

Ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шуд, ки рафти корҳои сохтмониро зери назорат гирифта, барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва ҷалби коргарону сохтмончиён чораҷӯӣ намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh