НАВОВАРИЮ ИХТИРОЪКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъкид намуданд.

Дар вусъат додани раванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро иҷро менамояд. Дар ин равиш дар доираи ҳавасмандгардонӣ, тарғибу ташвиқ, дар озмунҳо ва чорабиниҳо навоварону ихтироъкоронро қадрдонӣ менамояд, ки баҳри манфиати ҳама кору фаъолият карда, дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона менамоянд.

Масалан, дар се соли охир (2017-2020) устодону олимони ДКМТ бо маслиҳатҳои мушаххаси кормандони маркази миллию патенту иттилоотӣ ба 8 навъоварӣ ва ихтироот соҳиби нахустпатент гардиданд, ки исботи гуфтаҳои болоянд.

Яке аз нахустпатент оид ба «Узви кории ротатсионии беҳаракатовар» № ТJ 822 аз 11-уми январи соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Протсесси коркарди хок дар байни қаторҳои ниҳоли ҷавон дар вақти ҳаракати нармкунак органи кории ротатсионӣ гардишро аз ҳисоби бандшавии дандонаҳо бо хок мегирад. Органи кории каҷхаттаи дар зери кунҷи муайян гузошта хок ва алафҳои бегонаро бурида ва майда мекунад. Аз ҳисоби кунҷи сатҳи пеши корд ва буриши лағҷиш сифати беҳтарини майдакунии хок ва буридани алафҳо ба даст оварда мешаванд.

Истифодабарии ин органи кори сарфи меҳнати дастиро 3 маротиба кам карда, намнокии хокро 15 – 20 фоиз зиёд менамояд. Дуюм нахустпатент оид ба «Органи кории марказӣ (сошник) барои шинонидани ниҳолҳои мевагӣ» № ТJ 849 аз 2 октябри соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Маънои навоварӣ девораҳои паҳлўгӣ – қанотҳои сошник дар зери кунҷи 400 ҷойгир шуда, шакли конусиро гирифтааст, яъне ба шакли геометрии системаи решаҳо монанд аст. Бо шарофати он захмдоршавии решаҳо 50 фоиз паст гардида, хокпўшшавии онҳо 90 фоиз ва гирифтани ниҳолҳои ҷавон 60 фоиз зиёд шудааст.

Ҳамин тариқ, навоварию ихтироъкорӣ имконият медиҳад, ки рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин намуда, вазъи иқтисодиёти кишварро беҳтар намояд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳоло дар миқёси ташкилоти илмӣ ва дигар соҳаҳо корҳои навоварию ихтироъкорӣ нисбатан кам ба назар мерасад. Барои рушди навоварию ихтироъкорӣ бояд ташкилоти илмию донишгоҳҳо бо дастурамалҳо оид ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент, таъмини тарафи кормандони Маркази патентию иттилоотӣ ба ташкилоти илмӣ бо мақсади фаҳмонидани роҳҳои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани патент (аксарияти ходимони илмӣ аз ин ҳуҷҷатҳо хабар надоранд) сафарҳои меҳнатӣ ташкил карда шавад. Курсҳои кўтоҳмуддат барои тайёр кардани патентшиносҳо (бевосита дар ташкилоти илмӣ ва дигарҳо) ташкил ва машғулиятҳои таълимӣ дар донишгоҳҳо оиди патентшиносӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҳамзамон, дар ташкилоти илмӣ ва донишгоҳҳо ҷудо намудани шахсони мутасаддӣ оид ба фаъолияти навоварӣ ва ихтироъкорӣ ҷудо гардида, оид ба маблағсупорӣ барои гирифтани патент ё нахустпатент таъғирот ворид карда шавад, яъне 1 фоиз аз маоши моҳонаи шахси ҳуҷҷатсупоранда дошта шавад. Иҷрои чорабиниҳои дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки навоварӣ ва ихтироъкорӣ ба фаъолияти оммавӣ мубаддал гашта, самаранокиаш баланд мегардад.

Ш.БУҲОДУРОВ,

А.ВОҲИДОВ,

устодони Донишкадаи кӯҳию-металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh