ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ДАР МАКОТИБИ ОЛӢ

 

 

 

Бо авҷи тараққиёт ва пешрафт дар соҳаи илм низ ҳамасола дигаргунӣ ворид мегардад. Аз ҷумла таҳсилоти фосилавӣ ҷараёни нави таълим барои донишҷўён мебошад. Аслан таҳсилоти фосилавӣ навгонӣ набуда, он солҳои пеш ҳамчун шуъбаи ғоибона шинохта мешуд. Ҳоло он ба таҳсилоти фосилавӣ табдил ёфта, низоми худро дигар кардааст. Маркази таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди ғоибонаи таҳсил буда, он бо технологияҳои иттилоотӣ таъмин гардидааст.

Фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ, муносибат байни омўзгор ва донишҷўён, машварат бо воситаи почтаи электронӣ, семинарҳо дар режими онлайн ва офлайн ба воситаи интернет аз худ мешавад. Маркази таҳсилоти фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ таълимро дар масофаи дур бе иштироки шахсии омўзгор ва донишҷў имконпазир мегардонад. Тамоми макотиби олии кишвар низоми фосилавиро қабул карда аз рўи он корбарӣ карда истодааст. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2021 соли рушди таҳсилоти фосилавӣ эълон гардида, дар ин самт корҳои назаррас ба роҳ монда шудааст. Абдуҷаббор Абдуллоев, мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дод, ки шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ аз соли 2017 ба фаъолият оғоз кардааст.

- Соли аввал ба таври таҷрибавӣ 4 факултетро фаро гирифтем, ки аллакай онҳо хатм карданд. Дар 16 факултаи донишгоҳ зиёда аз 6 ҳазор донишҷў дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил доранд. Дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷў дар ҷое, ки имконият дорад, дарсашро мехонад ва мо дастурҳоро омода карда, ба донишҷўён ирсол мекунем. Донишҷўён тамоми супоришҳоро аз сомонаи шуъбаи таҳсилоти иловагии донишгоҳ тариқи технологияҳои иттилоотӣ аз худ карда ба иҷро мерасонад. Таҳсилоти фосилавӣ хароҷоти донишҷўро то ду се маротиба кам мекунад ва ё агар донишҷў дар ягон ҷо кор кунад, якбора метавонад таҳсилашро низ идома диҳад. Аз рўи низомномаи таҳсилоти фосилавӣ агар донишҷў барои фаҳмиши технологияи муосир душворӣ кашад ё бо технологияҳои нав кор карда натавонад, курсҳои омўзишӣ гузаронида мешавад, ки донишҷў метавонад, давра ба давра онро аз худ кунад.

Барои пешрафт дар самти илм Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида, роҳандозӣ менамояд. Ҳар як пешрафт дар низоми таҳсил метавонад, ояндаи ҷавононро беҳтар ва қадами устуворе ба самти муваффақият раҳнамо созад.

Суман Ҳомидова,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh