МЕҲНАТ ИСТИРОҲАТ АСТ

 

 

 

 

Ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар таътили зимистона муқаррар мегардад. Ҳарчанд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми таътил баргузории барномаҳои илмию адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва фанҳои дақиқ, баргузории озмунҳои фаннӣбанақша гирифта шуда, ҳамчунин рӯйхати адабиёти бадеӣ барои мутолиа тавсия гардидааст, аммо назари худи хонандагон ва волидони онҳо чӣ гуна аст? Онҳо таътилро чӣ тавр паси сар хоҳанд кард? Суҳбати мухбири рӯзнома бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ин хусус.

Фирдавс Ашӯрматов – директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд:

- Чаҳорумин сол аст, ки дар давраи таътили зимистона бо ибтикор ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» барои ҳамаҷиҳата омодагӣ дидан ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва баргузор гардида, баҳри ҷалби ҳарчибештарикӯдаконунаврасонба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳо, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малака ва қобилияти зеҳнии кӯдакон равона шудааст.

Озмун тибқи низомнома дар ду категорияи синнусолӣ – кӯдакони то синни 14 сола ва наврасони аз 14 сола боло гузаронидамешавад.

Боиси қайд аст, ки соли сипарӣ 100 маҳфили доимамали «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Китобхони беҳтарин» дар пояи Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, беш аз 3 ҳазор нафар дӯстдорони китоб ба он ҷалб шуданд. Озмуни «Китобхони беҳтарин» дар давраи таътили зимистона баргузор гардида, ба маҳорату малакаи кӯдакону наврасоне, ки дар озмун иштирок менамоянд, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар солҳои 2020 ва 2021 Сарфарозиддин Имориддинов, Ҷавоҳир Ашӯров, Гулбаҳор Раҳимова, Ҳабибулло Ҷобирзода, Меҳрангез Набиева, Лайло Султонзода ва Саломат Фаттоева баҳогузорӣ менамоянд. Ҳар хоҳишманд ва дӯстдори каломи бадеъ дар ин озмун метавонад иштирок намояд.

Маъмурахон Ҳалимзода - сокини шаҳри Хуҷанд:

- Тӯли чаҳор сол аст, ки фарзандам Мавлонбек дар Мактаби варзишии махсусоид ба намудҳои гӯштини шаҳри Хуҷанд, ки дар мавзеи майдони чавгонбозии соҳили рости шаҳр воқеъ аст, бо машқи бадан машғул мешавад. Шоистаи зикр аст, ки ҳамарӯза дар се баст наздик 70 нафар дӯстдори варзиши аз 7 – сола то 25 - сола дар ин макон ҷамъ меоянд. Агар фарзандам қаблан фориғ аз дарс дар рӯзҳои муайян дар машғулиятҳои варзишӣ иштирок мекарда бошад, давраи таътили зимистонаро ҳамарӯза он ҷо гузарониданист. Зеро аллакай дарк намудааст, ки он ҷо мактаби бузурги мардонагиву пур аз далериҳост.

Аз гуфтаҳои устоди варзиш Умархон Баҳодуров сар наметобад. Ҳамарӯза наздик 3 – 4 километр роҳро пиёда тай намуда, ба мактаби варзишӣ меравад ва аз он ҷо низ пиёда ба хона бар мегардад. Ҳарчанд ба ӯ мегӯям, ки маблағро дареғ надорад ва бо микроавтобус ба хона ояд, аммо ӯ маро ҳушдор медиҳад, ки пиёда гаштан ба саломатӣ фоидаовар буда, ҷавонмард бояд аз хурдӣ ба душвориҳо тобовар ба воя расад. Дар сиришти писари сездаҳсолаам нишонаҳои ҷавони баркамол ва далеру фидокориро дида, ба худ мегӯям, ки маҳз мактаби варзишӣ ва устодаш ӯро ба ин андешаронӣ водор намудаанд.

Соҳибхӯҷа Зоҳидов– сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Падари чаҳор фарзанд ҳастам. Дар яке аз деҳаҳои ноҳия зиндагӣ дорем. Аз сабаби бемор буданам дар ҳеҷ куҷо кор намекунам. Модари бачаҳо низ соҳибхоназан буда, манбаи рӯзгузарониамон аз ҳисоби замини наздиҳавлигиамон аст. Мавсими тирамоҳ дар майдони 8 сотих замин кабудӣ ва карам шинонда будем. Дар таътили зимистона шуғли ҳамарӯзаи фарзандонам кандану бастани кабудӣ ва ба бозор омода кардани дастранҷи меҳнати аҳли оила аст. Модари бачаҳо ҳар саҳар кабудиҳоро ба фурӯш мебараду бар ивазаш маҳсулоти хӯрока мехарад. Ҳарчанд фарзандонам ҳамагӣ писаранд, аммо ёрирасони аҳли оила гаштаанд.

Мавлуда Абдураҳмонова – ҳунарманд аз шаҳри Панҷакент:

- Бисту панҷ сол инҷониб бо ҳунари зардӯзӣ машғул мебошам. Зардӯзиро аз модаркалонам омӯхтаам ва он бароям авлодист. Занону духтарони зиёде хоҳони омӯзиши ин ҳунар ҳастанд. Ҳарчанд ҳамарӯза дари хонаам кушода аст, аммо ҳангоми таътилҳои зимистонаю тобистона сафи дӯстдорони омӯзиши ин ҳунари аҷдодӣ меафзояд. Алҳол 25 нафар духтар нозукиҳои зардӯзиро аз худ менамоянд. Дар навбати худ аксари онҳо донандаи ҳунари ҷулоҳибофӣ ҳастанд, ки маҳсулоти омодакардаашон барои гузаронидани зимистони деҳот ба кор меояд. Нимтанавуҷуробҳои пашмину мӯина дар бозор харидоргир буда, куртаҳои зардӯзӣ зеби арӯсон аст. Имрӯз волидайни ҳар як шогирдам хурсанд аз он ҳастанд, ки фарзандонашон зери назорат буда, бар замми ин машғули омӯзиши ҳунар ҳастанд.

Бахтиёр Ашӯрматов – сарвари истироҳатгоҳи «20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов:

-Алҳол давраи таътили зимистонаи мактаббачагон аст. Агар нафаре ин давраи хуши истироҳатиро бо омӯхтани забонҳои русиву англисӣ, немисиву хитоӣ гузаронад, дигаре мехоҳад, аз устоҳои чобукдаст ҳунарҳои аҷдодӣ омӯзад. Саввумӣ фориғ аз ташвишҳои донишомӯзӣ дар лагерҳои тобистона истироҳат карданро ихтиёр менамояд. Ҳамасола истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бо унвони «Уқобча» маъруфият дорад, садҳо кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифта, барои хушу хотирмон гузаронидани таътили зимистонаву тобистона мусоидат менамояд. Имрӯз истироҳатгоҳ фарогири45 нафар кӯдакону наврасон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят аст. Аксари кӯдакону наврасон, ки бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд, нафаронеанд, ки лаёқатманд ҳастанду дар ҷодае ба муваффақият ноил шудаанд ва ё дар давраҳои гуногуни озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, шаъну шарафи муаллимону волидон ва дабистони хешро ҳимоя намудаанд. Шароити хуби истироҳативу фароғатӣ, ташкили бозиҳои гуногун, баргузории маҳфилҳои ҳунарӣ, намоиши барномаҳои консертӣ,вохӯрӣ бо адибону шоирон ва дигар шахсиятҳои маъруф, саёҳат ба мавзеъҳои таърихии кишвар имконият медиҳад, ки толибилмон давраи таътилро ба хушӣ гузаронанд ва ба таҳсил дар соли 2022 бо руҳияи тоза омодагӣ бинанд.

Тибқи иттилои расмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 2000 хонанда таҳсил менамоянд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падару модарон даъват ба амал овардааст, ки дар таътили зимистона нисбат ба фарзандони худ назорати ҷиддӣ баранд ва нагузоранд, ки онҳо бештари вақти худро бо истифодаи телефонҳои мобиливу дигар корҳои беҳуда гузаронанд. Фориғ шудан аз омӯзиши барномаҳои таълимӣ маънои онро надорад, ки хонандагон аз таҳсил тамоман дур бошанд. Балки дар ин муддат онҳо метавонанд роҳи ояндаи худро дар ҷамъият интихоб намуда, нақшаҳои минбаъдаи худро тарҳрезӣ намоянд. Ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба илмомӯзиву ҳунаромӯзӣ бошад, вазифаи ҳар яки мост.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh