ТАРБИЯТГАРИ ПАРЧАМБАРДОРОНИ ФАРДО

Омўзгор, роҳнамои насли наврас, ҳидоятгари фардои неку дурахшони парчамбардорони миллату давлат будан шараф ва ифтихори бузург асту вале мушкилу пурмасъул. Маҳз, масъулият ва ифтихори баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дўст доштани касб метавонад, ки инсонро комёбу муваффақ гардонад.

Каримзода Осим Қосим аз ҷумлаи фарзандони некноми даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки тавассути меҳнати ҳалол, дониши баланд, таҷрибаи кофӣ чун олими варзида, инсони донишманду фозил, хоксору фурӯтан ба арсаи сиёсат ворид гардида, дар бари зиёиёни номварамон истода, баҳри шукуфоии давлат, густариши илму фарҳанг саҳми босазо ҳамроҳ намудааст. Қариб ҳафт сол мешавад, ки Осимҷон Каримзода вазифаи сардори Раёсати маорифи вилоятро бомуваффақият адо карда меояд. Ҳарчандин муддат тӯлонӣ нест, вале бо саъю талоши бевоситаи ин роҳбари кордону ташкилотчӣ дар соҳа таҳаввулоти азиме ба амал омад.

Маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар саросари кишвар мунтазам тадбирҳо амалӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва муҳтавои нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ мегарданд, ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омўзгор тадриҷан боло меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам афзоиш ёфт. Агар маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ соли 1991-ум 1,19 миллиард рубли русиро ташкил дода, ба 8,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 23,6 фоизи маблағи буҷети давлатӣ баробар бошад, пас соли 2017 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 3 миллиарду 581 миллиону 17 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Нишондиҳандаи маблағузории соҳаи маориф соли 2020, 19 фоизи маблағи буҷети давлатиро ташкил дод.

Имсол, дар соли таҷлили ҷашни бузурги миллат ба соҳаи маорифи вилоят 1 миллиарду 116 миллиону 934 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин назар ба соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 702 то ба 938 адад, хонандагони мактабҳо аз 409,6 ҳазор нафар ба 565 231 нафар ва омӯзгорони таълимгоҳҳо аз 30,7 ҳазор ба 40 ҳазору 85 нафар расид. Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15, ба Маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизи теъдоди умумии кӯдаконро ташкил медиҳад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои муассир рӯи кор меоянд.

Соли таҳсили 2020 – 2021 хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сарбаландона иштирок намуда, сазовори 476 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 279 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳандаи дуюм дар миқёси мамлакат мебошад. 74 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии вилоят ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлатҳои Туркия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 нафар ғолибони олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии Олмон ва 773 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии давлатҳои Федератсияи Россия, Амрико, Таиланд, Хитой ва Эрон гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020- 2021- ум 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят бо медали тилло ва 3 нафар бо медали нуқра сарфароз гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 13 нафар зиёд мебошад.

Дар натиҷаи ҷамъбасти 42-юмин Сессияи Академияи хурди илмҳо 31 нафар хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба узви пайвастаи (узви ҳақиқӣ – Шоҳҷоизаи озмун) Академияи хурди илмҳо соҳиб шуда, 68 нафар узви вобаста гардиданд. Ҳамчунин, 103 нафар дар бахшҳои мухталиф соҳиби мақоми аввал, 56 нафар соҳиби мақоми дуюм, 61 нафар соҳиби мақоми 3- юм гардида, 31 нафар бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳо қадрдонӣ шуданд. Бо ба даст овардани ин нишондиҳанда дастаи вилояти Суғд мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ соҳиб гардид. Нишондиҳандаҳои намояндагони вилоят дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” назаррас буда, Шоҳҷоизаи озмун насиби Раъно Насриддинова - хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Панҷакент гардид. Ҷамъбастидавриякум ва дуюмиозмунҳои“Фурӯғи субҳидоноӣкитоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” собит сохт, китеъдодииштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, аз ҳисоби буҷети вилоят 191 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Маҳз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки соли 2020 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳуриявӣ Таҳмина Ҳоҷибоева - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” ва Дилором Ҷалолова - омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати ҳамин ноҳия дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон - 2020” ба дарёфти ҷои дуюм сазовор гардид. Вилоят Болтуева - роҳбари маҳфили дастони моҳири Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамен дар миқёси ҷумҳурӣ ғолиби озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳфили соли 2021” шуд. Ин ҳама дастовардҳои маорифчиён аз таваҷҷуҳ ва эътибори ҳамешагии Пешвои маорифпарвари миллат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарчашма мегирад. Маорифчиёни вилоят дар мақоми саодат ва шукргузорӣ аз сиёсати оқилонаю маорифпарваронаи Сарвари давлат тасмим гирифтаанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самараи таълиму тарбия беш аз пеш саъю талош варзанд.

Дар рӯзҳои ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони баланди ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон” гардидани сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода аз қадршиносии Сарвари ҳақбину ҳақшинос, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад ва нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмати софдилона ва садоқатмандонаи ин шахсияти номвар ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндасоз ва парчамбардори миллати хеш аст. Ин мукофоти олии Ватан - мукофоти кулли кормандони соҳаи маорифи вилоят аст. Онро аз саҳифаҳои дурахшони зиндагӣ, фаъолияти бобарор, беҳтарин саҳифаи китоби таърихи соҳаи маорифи вилоят метавон арзёбӣ намуд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

Ғафурҷон ҶӮРАЕВ,

аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh