Рушди инфрасохтори инноватсионии таълим

Дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиес̈ати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиес̈ати берунаи дарҳои кушод густариш ёфта, ҳавзаи сиес̈ати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад.

Дар доираи сиес̈ати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиес̈ати Тоҷикистон муносибатҳои самараноки байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд донишгоҳ бо зиёд а аз 70 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Бахусус, ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон беш аз пеш густариш меёбад. Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо кишвари ҳамҷавор ва шартномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягии Донишкадаи молияи Тошканд дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиес̈ ати Тоҷикистон факултети муштарак ташкил гардид, ки дар он мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз ва кори бонкӣ омода гардида, пас аз хатм соҳиби дипломҳои ҳарду кишвар мегарданд. Дар доираи ҳамкориҳо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Комилҷон Шарипов дар конференсияи “Саҳми Донишкадаи молиявии Тошканд дар шаклгирӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионии таълим, илму фан дар сохтори молиявии бонкӣ”, ки бахшида ба 30-солагии Донишкадаи молиявии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон” баромад намуд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш байни роҳбарони ин муассисаҳо вобаста ба масоили густариш бахшидани фаъолияти факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ташкили шӯрои муштараки дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, ворид намудани намояндаҳои ду донишгоҳ ба ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии донишгоҳҳои зикргардида, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар ҳамҷоягии ин ду донишгоҳ ва дигар масъалаҳое, ки ба рушди илму таҳсилот вобастагӣ доранд, ҳамоиш баргузор шуд.

Сино ҒАФУРӢ,

мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

Донишгои давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh