Шиносоӣ бо бунёду муҷаҳҳазсозии кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол

Дар шаҳри Истиқлол бунёду муҷаҳҳазсозии кӯдакистони «Дӯстӣ» ҷараён дорад, ки бо мавриди истифтиода қарор гирифтани он 240 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, кӯдакистони мазкур бо саҳмгузории «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» сохта шуда, он дорои шароити муосир хоҳад буд. «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» яз калонтарин корхонаҳои муштараки кишвар буда, саҳми он дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти саноатӣ назаррас аст. Дар доираи созишномаҳои дуҷониба ширкат уҳдадор гардидааст, ки дар корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал саҳм гузошта, иншооти иҷтимоӣ бунёд созад. Бо дастгирии ширкат айни замон мумфаршсозии роҳи Зарнисор–Бӯстон ба масофаи 38 км ва кӯдакистони «Дӯстӣ» ҷараён дошта, интизор меравад, ки иншоот ояндаи наздик ба истифода дода шавад.

Раиси вилоят ҳангоми боздид барои ташкили системаи ягонаи гармидиҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба масъулин супоришҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбии техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2558 нафар хонандагон таълим мегиранд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода собиқдори меҳнат Анастасия Виллерро аёдат карда, ба ӯ кӯмаки моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh