МАЗМУН ВА МОҲИЯТИ ТАЪЛИМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар ин айёми пур аз шодиву сурур мардуми кишвар, аз ҷумла маорифчиён бо як ҷаҳон саодату ифтихор сисолагии истиқлолро ҷашн мегиранд. Сӣ сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон чандон фосилаи зиёд нест, вале роҳи дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймуда бо даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.

Маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар саросари кишвар тадбирҳо амалӣ гардиданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонида шуданд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафтанд.

Дар соли ҷашни бузурги миллат аз буҷа ба соҳаи маорифи вилоят 1 миллиарду 116 миллиону 934 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин назар ба соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. Барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани санаи бузурги таърихӣ дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорию созандагӣ мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла маорифчиёни вилоят сидқидилона саъю талош варзиданд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 702 то ба 938 адад, теъдоди хонандагони мактабҳо аз 409,6 то ба 565 ҳазору 231 нафар ва омӯзгорони мактабҳо аз 30,7 ҳазор то 40 ҳазору 85 нафар расид. Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15 фоиз, дар Маркази инкишофи кӯдак 20,4 фоизи теъдоди умумии кӯдаконро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои муассир рӯи кор меоянд. Соли таҳсили гузашта хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сарбаландона иштирок намуда, сазовори 476 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 279 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳандаи дуюм дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. 74 нафар хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлатҳои Туркия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 нафар ғолиби олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии Олмон ва 773 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии давлатҳои Федератсияи Россия, Амрико, Таиланд, Хитой ва Эрон гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020‐2021 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят бо медали тилло ва 3 нафар бо медали нуқра сарфароз гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 13 нафар зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҷамъбасти 42‐юмин Сессияи Академияи хурди илмҳо 31 нафар хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба узви пайвастаи (узви ҳақиқӣ – Шоҳҷоизаи озмун) Академияи хурди илмҳо соҳиб шуда, 68 нафар узви вобаста гардиданд. Ҳамчунин, 103 нафар дар бахшҳои мухталиф соҳиби мақоми аввал, 56 нафар соҳиби мақоми дуюм, 61 нафар соҳиби мақоми 3‐юм гардида, 31 нафар бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳо қадр карда шуданд. Бо ба даст овардани ин нишондиҳанда дастаи вилояти Суғд мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ соҳиб гардид. Намояндагони вилоят дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сарбаландона иштирок намуда, Шоҳҷоизаи озмун насиби Раъно Насриддинова хонандаи синфи 11‐и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28‐и шаҳри Панҷакент гардид.

Алҳол давраҳои якум ва дуюми озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм‐фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардида, маълум шуд, ки теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, аз ҳисоби буҷети вилоят 191 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати мактабу маориф боис гардид, ки соли 2020 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳурияӣ Таҳмина Ҳоҷибоева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон‐2020” ва Дилором Ҷалолова омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати ҳамин ноҳия дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон 2020” ба дарёфти ҷои дуюм сазовор гардиданд.

Вилоят Болтуева роҳбари маҳфили дастони моҳири Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамен дар миқёси ҷумҳурӣ ғолиби озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳфили соли 2021” гардид. Ин ҳама дастовардҳо маорифчиёни вилоятро вазифадор менамоянд, ки аз имкониятҳои мавҷуда беш аз пеш самаранок истифода намуда, дар соли таҳсили нави 2021 – 2022 бо ҷаҳду талоши зиёд муваффақиятҳояшонро бештар намоянд.

Осим КАРИМЗОДА,

сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh