Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Исфара

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз раванди омодагии Мактаби байналмилалии «Академияи Контакт Интернейшнл» ба соли нави таҳсил, бунёди биноҳои таълимии замонавии мактаби мазкур, таҷҳизоту аёниятҳои он дидан намуд.

Бояд гуфт, ки калонтарин иншооте, ки имрўз тӯҳфаи арзанда   ба ҷашни бузурги умумимиллӣ-30 солагии Истиқлоли давлатӣ аст, Мактаби байналмилалии «Академияи Контакт Интернейшнл» мебошад. Муассисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо сохта шуда, барои 1600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот дар маркази шаҳр басо боҳашамат қомат афрохта, аз 5 бино, аз ҷумла ду бинои таълимӣ бо 40 синфхонаи фаннӣ, як бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои барҳаво, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Дар таҳхонаи бинои асосии муассиса синфхонаҳои касбу ҳунаромўзӣ ташкил карда шудааст.

Лоиҳаи иншооти нави таълимӣ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, лоиҳаи харҷномавии он, яъне сохтмон ва муҷаҳазгардонӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 100 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд. Дар Мактаб беҳтарин шароити таълим, ки ҷавобгў ба стандарти байналмилалии соҳаи маориф мебошад, фароҳам оврада шудааст. Синфхонаҳои фаннию таълимӣ ва дигар ҳуҷраҳои иншоот бо таҷҳизоти навтарини соҳа ҷиҳозонида шудаанд.

Дар муассиаи нав таълим бо назардошти низомӣ муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо фарогирии адабиёти ҷаҳон мутобиқ ба завқи хонандагон ташкил гардидааст. Намои берунаи бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ва мутобиқ ба талаботи имрўза ороиш дода шудааст.

Роҳбари вилоят ҳамзамон сохтмони кўдакистони хусусии соҳибкорони маҳаллӣ,  маркази хизматрасониву биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, майдони Парчами давлатӣ, бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода,  ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh